Дар Душанбе Фестивали V филмҳои кореягӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 30.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз, 29 апрели соли 2019 дар хонаи кинои «Кохи Наврӯз» Фестивали филмҳои кореягӣ – 2019 ботантана ифтитоҳ ёфт.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Вучол аҳли толорро бо ифтитоҳи фестивал хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Фестивали филмҳои кореягӣ дар доираи «Ҳафтаи Корея-2019», ки 26 апрел оғоз ёфта, то 4 май идома меёбад, гузаронида мешавад.
Мавсуф иброз дошт, ки фестивали мазкур ба мухлисони кинои кореягӣ панҷ филмро дар жанрҳои мухталиф, ба мисли драма, мазҳака, филми таърихӣ, ҷангӣ ва филм оид ба варзиш пешниҳод менамояд.
Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Абдуҷабборов оид ба робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Корея, рушди санъати синамо дар Корея ва дастовардҳои он ҳарф зада, иброз намуд, ки Фестивали мазкур ба таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид.
4 май дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе «Рӯзи Корея» баргузор мегардад. Дар доираи он ташкили намоиши либос, хӯрок, санъати аккосӣ ва каллиграфияи кореягӣ, инчунин барномаи консертии санъаткорони ин кишвар дар назар аст.








Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад






