Дар Душанбе Конференсияи XIV байналмилалии илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) таҳти унвони «Мубоҳисаи илмӣ: масъалаҳои мубрам, дастовардҳо ва инноватсия дар тиб» конференсияи XIV байналмилалии илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори конференсия муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Маҳмадшоҳ Гулзода, инчунин намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таълимӣ-илмӣ ва табобатии ватанию хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.
Кори конфронсро ректори ДДТТ М.Гулзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки баргузории конференсияи солонаи илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни ДДТТ ба ҳукми анъана даромада, дар рушди илми тиб ва ҷалби ҷавонон ба корҳои илмию эҷодӣ нақши босазо мегузорад. Зеро мубодилаи афкор, муҳокимаи дастовардҳои илмӣ ва таҳлилии он омили тавлиди ғояҳои нави илмӣ, инкишофи эҷодиёту навоварӣ ба ҳисоб меравад. Мавзӯи конференсияи имрӯза низ маҳз ба инҳо-мубоҳисаи илмӣ, масъалаҳои мубрам, дастовардҳо ва навовариҳо дар тиб бахшида шудааст.
Мояи ифтихор аст, ки солҳои охир на танҳо шумораи хоҳишмандон барои иштирок дар конференсия меафзояд, балки географияи он васеъ шуда, сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ беҳтар шуда истодааст.
Зимни конференсия муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зикр кард, ки солҳои охир тавассути ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд бо муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олии тиббии хориҷӣ, роҳбарияти ДДТТ тавонистааст, ки дар масъалаи фарогирии ҷавонони соҳибистеъдод бо комёбиҳои навтарини тибби ҷаҳонӣ ба дастоварҳои назаррасу арзанда ноил гардад. Танҳо давоми соли таҳсили ҷорӣ 29 нафар омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба муддати аз 3 то 6 моҳ дар таълимгоҳҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, инчунин 22 нафар донишҷӯёни хориҷӣ дар ДДТТ маҳорати касбии худро такмил додаанд.
Мавриди зикр аст, ки илми тибби тоҷик тӯли солҳои охир ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, дастовардҳои илмии олимони соҳаи тандурустии мамлакат чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар баҳои баландро сазовор гардидаанд.
Бояд гуфт, ки дар кори конференсия дастовардҳои олимону табибони маъруфи кишвар ва хориҷӣ, олимони ҷавону донишҷӯён аз Тоҷикистон, Полша, Россия, Кореяи Ҷанубӣ, Украина, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон манзури доираи васеи иштирокчиён гардида, таҳлилу таҳқиқи масоили таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар тиб, дастовардҳои соҳаҳои мухталифи илми тиб, технологияи муосир дар тибби назариявӣ ва амалӣ, татбиқи дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилот баррасӣ гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки дар конфренсияи байналмилалӣ зиёда аз 350 маърӯзаи илмӣ, аз ҷумла 62 маърӯза аз ҷониби намояндагони кишварҳои хориҷӣ ба самъи иштирокдорон расонида шуда, атрофи онҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.










Туҳфаи Пешвои миллат-«Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба шаҳри Левакант расид
Бахшида ба 570-солагии Камолиддини Беҳзод конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар маҷаллаи фарҳангӣ–иттилоотии «ЭКО-нома» фарҳангу ҳунари Тоҷикистон муаррифӣ шудааст
Ба зиёда аз 28 ҳазор хонаводаи шаҳри Бохтар китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад
Иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»: «Озмун сабқате ба манфиати ҷомеа, давлат ва миллат аст»
4 лоиҳаи ҳифзи мероси фарҳангии Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи мерос дастгирӣ ёфт
Бахшида ба баргузории Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир шуд
Бахшида ба 570-солагии Камолиддини Беҳзод конференсияи байналмилалӣ баргузор мегардад
Аъзои ҲХДТ намоиши «Достони Сиёвуш»-и «Шоҳнома»-ро тамошо намуданд
Байни китобхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Туркия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҳайати ҳунарии Театри давлатии академии опера ва балет дар Операи Рим ҳунарнамоӣ менамояд
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 3 миллион нусхаи чопӣ нигоҳдорӣ мешавад






