Дар Душанбе шашумин Фестивали байналмилалии этно-ҷаз баргузор мегардад

Апрель 24, 2019 08:33

ДУШАНБЕ, 24.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 28 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе шашумин Фестивали байналмилалии этно-ҷаз баргузор мегардад.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар фестивали мазкур гурӯҳҳои мусиқии машҳури ҷаз аз Швейтсария, Германия, Австрия, Нидерланд, Франсия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳунару малакаи худро ба мухлисон нишон медиҳанд.

Фестивали мазкур дар толори консертии «Кохи Суруш» баргузор гардида, давоми се рӯз меҳмонони фестивал имкон пайдо мекунанд, ки бо фарҳанги мусиқии кишварҳои Осиёю Аврупо ва Осиёи Марказӣ шиносоӣ пайдо намоянд.

Ба иттилои манбаъ, зимни фестивал Тоҷикистонро устодони ҷази тоҷик, аз ҷумла гурӯҳи «Авесто», «Навои Аҷам», «Khalil brothers», гурӯҳи «Роҳи Абрешим» бо роҳбарии Самандар Пулодов ва Иқбол Завқибеков намояндагӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар доираи фестивали мазкур баргузории ҳамоиш дар мавзӯи «Роҳи рушди этно-ҷаз дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон» дар назар дошта шудааст.

Мақсади фестивал- тарғибу ташвиқи ин жанри мусиқии касбӣ буда,  он бо ташаббуси Дафтари ҳамкории Швейтсария, Маркази фарҳангии «Бохтар» ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов гузаронида мешавад.

Апрель 24, 2019 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд