Дар Хатлон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид

Апрель 30, 2019 13:21

ДУШАНБЕ, 30.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови вилояти Хатлон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардида, 29 нафар иштирокчии фаъоли он  ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, пайдо намудани беҳтарин намунаи оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад.      Озмун дар се давр аз рӯйи номинатсияҳои оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровӣ доир мешавад.

Дар даври аввали озмун санъаткорону ҳаваскорони шаҳри Бохтар ҳунару истеъдоди хешро аз рӯйи бахшҳои мазкур нишон дода, Хурсандмуроди Фақир, Зеваршо Ғозиев, Саиднуриддин Исмоилзода, Амина Гулова дар бахши шоир, Отахон Абдуллозода, Марҳабо Муродова, Афсонаи Умар, Ифтихор Пайков, Марҳабо Рамазонзода, Давлатбӣ Юнусова ва дигарон дар бахши ровӣ, Ҳайитбой Юнусов, Абдуалим Маҳмадов дар бахши оҳангсозӣ, Маҳмадшариф Муродов, Фирӯз Муродов, Хурав Шукуров, Аниса Сабзаева, Азиз Гулов, Султон Хадзиев, Давлатбӣ Азизова, Бахтиёр Ҷураев ва дигарон дар бахшҳои навозиш ва сарояндагӣ ғолибони даври аввал гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Низомнома даври дуюми озмун моҳҳои июн -июл дар маркази вилояти Хатлон ва даври сеюми он моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуда, ғолибон бо ҷоиза ва Диплом сарфароз гардонида мешаванд.

Апрель 30, 2019 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад