Дар мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди «Гӯштини юнону румӣ» дастаи мунтахаби Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гардид

Апрель 26, 2019 14:57

ДУШАНБЕ, 26.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24-25-уми апрели соли  равон  дар толори варзишии Муассисаи давлатии «Маркази омодагии олимпии тимҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди «Гӯштини юнону румӣ»  баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур бо ибтикори  Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ роҳандозӣ гардида, дар он  варзишгарони навраси кишварҳои аъзои Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» таҳти шиори «Варзиш – рамзи дӯстии халқу миллатҳо!»  қувваозмоӣ намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур ба 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бахшида шуда, дар он варзишгарони наврасу ҷавони солҳои таваллуди 2001-2003 аз кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, инчунин минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла,  вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Мусобиқа тибқи талаботи қоидаҳои байналмилалии гӯштини тарзи юнону румӣ гузаронида шуда, варзишгарони наврасу ҷавон дар 10 вазн барои ба даст овардани ғолибият бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар маросими тантанавии кушодашавии ин мусобиқаи байналмилалӣ  муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Икром Умарзода, сардори Раёсати инкишофи варзиш ва тарбияи ҷисмонии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Бозоров, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок  намуданд.

Ба иттилои манбаъ, чунин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ  миёни дастаҳои кишварҳои аъзои Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии ҷамъиятҳои «Динамо» соли ҳафтум аст, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва он ҳамасола мухлисону ҳавасмандони зиёдро ба худ ҷалб месозад.

Дар натиҷаи умумии мақомҳои ишғолнамудаи варзишгарон, дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал, дастаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойи дуюм ва дастаи варзишгарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойи сеюми мусобиқаро ишғол намуданд.

Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалҳо, ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишнок мукофотонида шуданд.

Апрель 26, 2019 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 20 майдонча ва толори варзишӣ сохта шуд
Машғулият оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни лигаҳои наврасони Тоҷикистон оид ба футбол идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид
Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба футзал мусовӣ анҷом ёфт
«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад