Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватани азизи ман» баргузор гардид
РӮДАКӢ, 26.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба қобилияти баланди ҳунари эҷодӣ, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – ватани азизи ман» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 250 нафар ҷавонону наврасони дӯстдорони шеъру сухан ва тарона иштирок намуданд.
Дар ин бора аз шуъбаи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тибқи шартҳои муқарраршудаи озмун иштирокчиён аз рӯйи маҳорати шоирӣ, навозандагӣ, композиторӣ ва ровигӣ рақобат намуданд, ки дар натиҷаи холгузории ҳакамон зиёда аз 30 нафар ғолибон муайян гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.
Мақсад аз баргузор намудани чунин озмунҳо ин тарбия намудани насли ояндаи миллат дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва меъроси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.








Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд






