Дар Норак оид ба арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва пешгирии омилҳои бегонапарастӣ ҳамоиш доир гардид

Апрель 12, 2019 09:01

НОРАК, 12.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак бо ташаббуси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва иштироки фаъоли занони шаҳр дар мавзӯи «Арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва маҳкум намудани омилҳои бегонапарастӣ» ҳамоиши илмию адабӣ баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба САФАРОВА   ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.    

Гуфта мешавад, ки дар ҳамоиш муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ, аъзои Шӯрои куҳансолони Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Латофат Насриддинова, муовини якуми раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рамазон Давлатов  сухан гуфтанд.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки ваҳдат  беҳтарин неъмат, маънии ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат ва наҷоти миллат мебошад. Танҳо бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлолияти ватанамонро пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Ҳамчунин меҳмонон оид ба баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, рушди ҳунармандӣ, арҷгузорӣ ва гиромӣ  доштани  расму  оинҳои мардумӣ, либоси миллӣ, забону  фарҳанг, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот ва дар рӯҳияи ифтихори милливу  ватандӯстӣ  тарбия намудани насли наврас ибрози назар карданд.

Апрель 12, 2019 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад