Дар пойгаи аспдавонӣ «Радана» ҷоизаи асосӣ-шутурро соҳиб шуда, онро ба Файзобод бурд

Апрель 1, 2019 08:37

ДУШАНБЕ, 01.04.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2019» анҷом ёфт.

Тавре сомонаи расмии ТВ «Варзиш» хабар медиҳад, дар он беш аз 60 сар аспҳои хуби зоти тоҷикиву англисӣ аз корхонаҳои соҳавии ҷумҳурӣ бо беҳтарин чобуксаворони кишвар иштирок карданд. Мусобиқа дар масофаҳои 1000, 1200  ва 1600 метр дар шаш марҳила гузаронида шуд.
Дар пойгаи якум ба  масофаи 1600 метр аспи хушзот бо лақаби «Звезда» бо нишондоди 1 дақиқаю 59 сония таҳти роҳбарии Раҳматшо Бегиҷонзода ғолиб омад.

Дар ҳамин масофа дар пойгаи дуюми аспҳои соли гуногуни зоти тоҷикӣ аспи  «Бомдод» дар 1 дақиқаю 49 сония мақоми аввал ба даст овард.
Дар пойгаи сеюми аспҳои соли гуногуни зоти тоҷикӣ аспе бо номи «Рекорд» соҳиби ҷои аввал гардид. Нишондоди ин асп дар  масофаи 1600 метр ба  1 дақиқаю 49 сония баробар шуд.

Ниҳоят дар пойгаи 6-уми аспҳои дусолаи зоти тоҷикӣ, ки ҷоизаи асосиаш шутур буд, бо нишондоди 1 дақиқаю 11 сония аспе бо номи  «Радана» аз хоҷагии деҳқонии «Дошмандӣ»-и ноҳияи Файзобод ғолиб ва соҳиби ҷоиза гардид.

Апрель 1, 2019 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд