Дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳдудияти мавсимӣ роҳандозӣ мешавад

Апрель 30, 2019 14:58

ДУШАНБЕ, 30.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо дарназардошти фаро расидани мавсими гармо, шурўъ аз 1 май то 31 августи соли равон дар сурати аз 25 дараҷа зиёд будани ҳарорати ҳаво дар роҳи мошингарди Душанбе- Чаноқ маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст. Иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, барои эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад.

Бояд тазаккур дод, ки  чунин тадбирандешӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксарияти мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Ибтикори зикршуда муҳиму саривақтӣ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои рисолаташон собитқадам буда, бо дарки масъулият онро иҷро мекунанд.

«Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки аз оғози фаъолият инҷониб аз тарафи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» рисолати ба зиммадошта мунтазам, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуда истодааст. Дар ҳамин ҳол сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкат, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ ба вуҷуд омада, сабаби нигаронӣ гардидааст.  Филиали Ширкат, ки барои давраи муайян нигоҳдории роҳи мавриди назарро ба зимма дорад, баҳри дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он мунтазам тадбир меандешад»,-гуфт Далери Абдулло.

Апрель 30, 2019 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд