Дар шаҳри Бохтар фаъолияти 7 кошонаи ҳусн қатъ карда шуд

Апрель 23, 2019 14:33

ДУШАНБЕ, 23.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар бинобар ҷой доштани камбудиҳои мавҷуда фаъолияти 7  кошонаи ҳусн то бартараф намудани камбудиҳо қатъ карда шуда, ҳамчунин нисбат ба 10 нафар кормандони ин коргоҳҳо санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва ба талабот мутобиқ гардондани фаъолияти онҳо вазъи кошонаҳои ҳусни шаҳрро мавриди санҷиш қарор дод.  Дар ҷараёни санҷиш мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар кошонаҳои ҳусни шаҳр як зумра камбудиҳоро ошкор намуда, барои рафъи онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамчунин мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар дар баробари бурдани корҳои назоратию санҷишӣ, инчунин баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва риоя намудани қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо масъулин ва кормандони кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо ва ҳуҷраҳои стамотологӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ низ мегузаронанд.

Бояд зикр намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ кормандони кошонаҳои ҳусни вилоятро ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифтаст.

То имрӯз беш аз 20 нафар мутахассисони соҳаи мазкур аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштанд.

Апрель 23, 2019 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад