Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон масоили густариши ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ироқ баррасӣ гардид

Апрель 1, 2019 10:36

ДУШАНБЕ, 01.04.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз вохӯрии муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода бо ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ироқ таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсати таҳқиқоти ин вазорат Босим Карим Мусо баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода зикр кард, ки бар зидди ҷинояткорӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир дар ҳамбастагию ҳамкорӣ ва дастаҷамъона мубориза бурдан натиҷаҳои дилхоҳ ба бор хоҳад овард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои хавфнок мавриди баррасӣ қарор дода, як зумра таклифу пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.

Ҳамчунин лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ироқ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар хотима ҷонибҳо ҷиҳати рушду густариш додани ҳамкории дуҷониба изҳори боварӣ намуданд.

Апрель 1, 2019 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид