«Фарҳанг ва санъат» ба Феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи илмии «Фарҳанг ва санъат»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар асоси қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хулосаи Шӯрои экспертӣ аз 3 апрели соли 2019 ба Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд. Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, маҷаллаи мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2001, бо номи «Олами ҳунар» номнавис шуда, то соли 2017 даҳ шумораи он ба табъ расидааст. Шурӯъ аз соли 2017 маҷаллаи «Олами ҳунар» ба нашрияи «Фарҳанг ва санъат» табдили ном кард.
Дар маҷаллаи «Фарҳанг ва санъат» натиҷаҳои илмию пажӯҳишии рисолаҳои илмии дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм нашр мегарданд. Дар маҷалла мақолаҳои илмии омӯзгорону профессорон, магистрон, аспирантон ва доктор (PhD) — и донишкада, инчунин дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба нашр расонда мешаванд.
Маҷалла дар як сол 4 маротиба аз чоп баромада, он аз се бахши илмӣ: фарҳангшиносӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, санъатшиносӣ — (мусиқӣ, театр, кино, санъати тасвирӣ, рақс, хореография) ва китобдорӣ — иттилоотӣ ва рӯзноманигорӣ иборат мебошад. Ҳамаи мақолаҳои илмии аз ҷониби муаллифон пешниҳодшуда ба аъзои ҳайати таҳририяи маҷалла ва дигар муҳаққиқони дорои дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илм барои тақриз супурда мешаванд. Ба муаллифон нусхаи тақризи манфӣ бо нишон додани сабабҳои чоп нагардидани мақола ирсол мегардад.








Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд






