Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид

Апрель 2, 2019 13:02

ДУШАНБЕ, 2.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар» Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» бо тантана ифтитоҳ гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни ифтитоҳи фестивал Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода изҳор дошт, ки имрӯзҳо ҳар як халқу миллатро дар арсаи олам, пеш аз ҳама, бо китоб, таърих, фарҳанг ва адабиёташ мешиносанду эътироф мекунанд.

«Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаи неки ниёгон – эҳтироми китобу китобхонӣ идома ёфта, дар ин ҷода як зумра корҳои намоён анҷом пазируфтанд»,- зикр намуд Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ.

Шамсуддин Орумбекзода дар идомаи сухан иброз намуд, ки насли наврас бояд ифтихор кунад, ки дар чунин фазои осудаи кишвар зинадагӣ мекунад ва барои онҳо тамоми шароиту имконот мавҷуд аст. Бахусус имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ китобхонаҳо бунёд гардидаанд, ки дар онҳо аз китобҳои бачагона сар карда, то китобҳои илмиву бадеӣ мавҷуд мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар доираи фестивал намоиши китобҳои тозанашр, вохӯриҳо бо адибон, маҳфилҳои гуногуни адабӣ ва ҳунарӣ, барномаҳои ҷолиби консертӣ, ташкили Озмуни расмҳо аз рўи асарҳои кўдакона «Китобчаи дўстдоштаи ман», Озмуни хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО, сабқатҳои «Фурўхташавандатарин китоб», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кўдакон», Озмуни ровиёни ҷавон доир гардиданд.

Яке аз иштирокчиёни фестивал Парвина Аҳмадова, хонандаи синфи 7-и МТМУ № 77- и шаҳри Душанбе иброз намуд, ки аз хурдӣ ба мутолиаи китоб рағбати беандоза дорад. «Китоб ганҷи бебаҳо, манбаи дониш, дӯсту ҳамсуҳбат, омӯзгори беминнат ва раҳнамову чароғи маърифат мебошад. Шахси китобхон ҳамеша муваффақу сарбаланд аст»,- мегӯяд Парвина.

Ба зикри ӯ, баргузории чунин фестивалу озмунҳо ҷаҳонбинии хонандагонро васеъ намуда, онҳоро ба хондани китобу аз бар кардани таърихи миллат ва илмҳои замонавӣ водор месозад.

Зикр шуд, ки ҳадаф аз баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кўдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандўстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Ёдрас мешавем, ки дар ҷамъбасти фестивал- 9 апрел бахшида ба 65-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғойиб баргузории намоиши идона бо иштироки аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф, воситаҳои ахбори омма дар назар дошта шудааст.

Апрель 2, 2019 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Малакаи котибони озмун барои кор бо портали электронӣ такмил дода мешавад
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд