Фестивали ҷумҳуриявии «Зиннати чакан» ҳунармандони ҷавони чакандӯзро ба ҳам меорад
ДУШАНБЕ, 04.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ-2019-2021 миёни ҳунармандони ҷавон Фестивали ҷумҳуриявии чакандӯзии «Зиннати чакан» ба роҳ монад.
Тавре дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд, мақсад аз роҳандозӣ намудани фестивали мазкур эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии унсурҳои чакандӯзӣ миёни ҷавонон ва пайдо намудани беҳтарин чакандӯзони ҷавон мебошад.
Фестивали ҷумҳуриявии «Зиннати чакан» моҳи июн баргузор шуда, то ин муддат гулдӯзон ва чакандӯзони ҷавон метавонанд барои иштирок ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Дар ҷамъбаст беҳтаринҳо бо мукофот қадрдонӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта чакан ҳамчун як навъи гулдӯзии тоҷикон аз тарафи Дафтари илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид -ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд.
Чакан навъе аз ҳунарҳои мардумӣ буда, таърихи ниҳоят қадимӣ дорад. Он ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик алоқамандии зич дорад. Чакан як навъи гулдӯзии маъмул дар Тоҷикистон буда, он дар сомонаи ЮНЕСКО чунин муаррифӣ карда шудааст: «Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба бар мекунанд. Санъати чакан аз насл ба насл гузашта, бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст».








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд






