«ФИРДАВСӢ» САЗОВОРИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД. Дар Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» ҷамъбаст карда шуд

Апрель 23, 2019 08:12

ДУШАНБЕ, 23.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2019» бо тантана ҷамъбаст гардид.

Дар маросими ҷамъбасти Фестивал-озмун муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён ва муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода иштирок намуда, ба аҳли санъату театр барои иштироки фаъолона дар фестивали мазкур изҳори сипос намуданд. Зикр гардид, ки  озмуни имсола бо инъикоси мавзӯъ ва образу бадеият аз солҳои қаблӣ фарқ мекард.

Гуфта шуд, ки аҳли театри ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ доданд, ки дар инъикоси вазъи иҷтимоии ҷомеа ва рӯҳу маънавиёти мардум саҳм гузоранд. Бо саҳнаҳои ҷолиби диққат ва бозгӯкунандаи рӯзгори мардум аҳли ҷомеаро бояд ба ин макон боз ҳам бештар ҷалб намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар фестивали мазкур 18 театри касбии мамлакат намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, ба маърази тамошобинон ва ҳакамони озмун гузоштанд.

Дар Фестивал як зумра театрҳои касбии мамлакат бо унвонҳои фахрӣ қадрдонӣ гардиданд.

Шоҳҷоизаи озмун насиби  Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои  спектакли «Фирдавсӣ»  гардид. Намоишномаро коргардон Султон Усмонов аз рӯи романи «Фирдавсӣ»-и нависандаи шинохтаи тоҷик   Сотим Улуғзода таҳия кардааст. Нақши  Фирдавсиро  дар он Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир   хеле моҳирона бозид.

Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ барои операи  Амирбек Мӯсоев   «Хусрав ва Ширин»,  либреттои Гулназар Келдӣ дар таҳияи Шавкат Халилов   ва Театри  мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом  барои  спектакли  «Қорӣ Ишкамба»  аз рўи асари Садриддин Айнӣ дар таҳияи Музаффар Муҳиддин  ҷои якумро соҳиб шуданд.

Ба Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл.Маяковский барои  спектакли  «Тартюф» — и Жан Батист Молйер дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон  Баҳодур Миралибеков ва Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов барои  спектакли  «Вақте ки кӯҳҳо сукут мекунанд» аз уи асари  Чингиз Айматов дар таҳияи Нозим Меликов  ҷои дуюм  насиб гардид.

Ҷои сеюмро  Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд барои  спектакли  «Пораи дили модар» аз рӯи пйесаи  Ҳалим Шариф дар таҳияи Эҳсон Ҳомидов ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барои  спектакли  «Карим Девона»  аз рӯи асари Турахон Аҳмадхонов дар таҳияи Қурбонмуҳаммад Шукуров  бо ҳам диданд.

Нозим Меликов барои таҳияи  спектакли  «Вақте ки кӯҳҳо сукут мекунанд» ғолиби номинатсияи «Коргардони беҳтарин»  дониста шуд.

Дар  номинатсияи «Беҳтарин нақши мардона» Фирдавс Қосимов барои иҷрои нақши шоир дар спектакли  «Ватандорӣ» аз рўи ашъори Лоиқ Шералӣ  ҳамто надошт.

Марина Ярмолик ғолиби номинатсияи «Беҳтарин нақши занона»   (нақши Дарина дар намоиши «Тартюф» — и Жан Батист Молйер)  эълон гардид.

Ба профессор Тамара Абдушукурова ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Ғуломова ҷоизаи  «Барои садоқат ба касб ва саҳми назаррас дар рушди санъати театрии Тоҷикистон» тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивал-озмуни «Парасту» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати  театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.

Апрель 23, 2019 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд
ҶАШНИ САДА НИЗ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШАВАД. Пешниҳоди академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
«САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ». Дар Душанбе ҷашни Сада бо намоиши тухмии зироати кишоварзӣ оғоз гардид
«САДА-ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба он конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
ҶАШНИ САДА ДАР ДЕВАШТИЧ. Он бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил шуд
Пагоҳ дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мурғоб ҷашни Садаро бо шукуҳ таҷлил намуданд
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
ДАСТАРХОНИ ҶАШНИ САДА. Мумина Шовалиева: «Дар он таомҳои зимистона ва меваҳои хушк гузошта мешаванд»
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ вобаста ба пешбурди ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 ҳамоиш доир шуд
Соли 2024 сафи довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 860 нафар зиёд гардид
Соли 2024 дар театрҳои касбии Тоҷикистон 63 асари нав саҳнавӣ гардид