ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар Дакка бо дастаҳои Муғулистону Лаос бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 10.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳарифони дастаи мунтахаби бонувони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалии «Bangamata U-19 Women’s International Gold Cup 2019», ки аз 23 апрел то 3 майи соли равон дар пойтахти Бангладеш- шаҳри Дакка баргузор мешавад, маълум гардиданд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар асоси қуръакашии мусобиқаи мазкур дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон ба гурӯҳи «А» шомил гардид. Он бо дастаҳои мунтахаби бонувони ҷавони Муғулистон (23 апрел) ва Лаос (27 апрел) вомехӯрад.
Бояд зикр кард, ки гурӯҳи «В» аз дастаҳои мунтахаби бонувони Бангладеш, АМА ва Қирғизистон таркиб ёфтааст. Пас аз натиҷагирии бозиҳои гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар ду гурӯҳ ба нимфинал роҳ меёбанд ва муборизаро идома медиҳанд.
Ҳоло дастаи мунтахаби бонувони ҷавони Тоҷикистон, иборат аз 23 нафар бозингар бо роҳбарии сармураббӣ Қаноат Латифов дар шаҳри Норак ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шудаанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






