Футбол: дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон бар дастаи Уммон ғалаба кард
ДУШАНБЕ, 23.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дар як вохӯрии дӯстона бар дастаи мунтахаби наврасони Уммон бо натиҷаи 2:0 ғалаба кард. Тӯбҳоро дар ин бозӣ Абдулфаттоҳи Худойдодзода (38) ва Меҳрубони Абдурауф (90) ба нишон расониданд.
Баъди вохӯрӣ беҳтарин бозингрони дастаҳо-Сафарманд Ғаффоров –дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва Алмуътасим Ғаним Умар Ассамин Амарҷид-аз дастаи мунтахаби Уммон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Бозии дуюми дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Уммон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе 25 апрел, соати 18:00 барпо мегардад.
Мақсад аз гузаронидани бозиҳои дӯстона ва таҷрибавӣ бо дастаи мунтахаби Уммон омодагии пурра ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё -2020 ба ҳисоб меравад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






