ФУТБОЛ: пирӯзии «Хатлон» бар дастаи «Панҷшер» ва мусовии «Хуҷанд» бо КМВА «Помир»

Апрель 22, 2019 14:23

ДУШАНБЕ, 22.04.2019. /АМИТ «Ховар»/.  21 апрел се бозии даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд. Тафсилоти бештари мавзӯъ аз шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН.    

Дастаи   КМВА «Помир»  соҳиби аввалин холҳо дар мавсими нав гардида, дастаи футболи «Хатлон» аввалин ғалабаашро ҷашн гирифт ва дастаи футболи  «Панҷшер»  3 хол аз даст дод.

Дастаи  футболи  «Хатлон»-и  Бохтар, ки чемпионати имсоларо натиҷабахш оғоз накард, дар ин давр дар майдони худ бар дастаи «Истаравшан»  бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Голҳои дастаи ғолибро Кароматулло Саидов ва Равшан Азизов ба ҳадаф расониданд. Голи дастаи   «Истаравшан»-ро Фирӯз Қараев аз пеналтӣ ба нишон  расонид.

Дастаи футболи «Хуҷанд» дар майдони худ бо дастаи КМВА «Помир» бо ҳисоби 1:1мусовӣ бозӣ кард. Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 57-ум дастаи артишро ба пеш баровард. Дар охири бозӣ легионери узбекистонии «Хуҷанд» ҳисобро баробар кард.

Дар бозии дигар дастаи  «Панҷшер» дар майдони худ аз «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 0:1шикаст хӯрд. Голи ягонаро Нозим Бобоҷонов дар дақиқаи 70-ум ба ҳадаф расонид.

Ёдовар мешавем, ки    бозии  байни дастаҳои  футболи  «Кӯктош» ва «Истиқлол» имрӯз, 22 апрел   баргузор мегардад.

Оғози бозӣ соати 16:30.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ ЧЕМПИОНАТ

 ДАСТАҲО  Б  Ғ  М  Б  Т/Т  Х
    1     «Истиқлол» (Душанбе)     2     2     0     0     7-2     6
    2     «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)     3     2     0     1     5-4     6
    3     «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)     3     2     0     1     3-2     6
    4     «Хуҷанд»(Хуҷанд)     3     1     1     1     3-3     4
    5     «Истаравшан» (Истаравшан)     3     2     0     1     4-5     3
    6     «Кӯктош» (Рӯдакӣ)     2     1     0     1     2-3     3
    7     «Хатлон» (Бохтар)     3     1     0     2     3-5     3
    8     КМВА «Помир» (Душанбе)     3     0     1     2     1-4     1
Апрель 22, 2019 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд