Ифтитоҳи расмии Портали савдои Тоҷикистон-WWW. TAJTRАDE.TJ
ДУШАНБЕ, 26.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар маросими расмӣ бо пахши тугмача Портали савдои Тоҷикистон –WWW. TAJTRАDE.TJ кушода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, ташкилотҳои тиҷоратӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд, инчунин намояндагони Корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА, ки дар ҷараёни ин маросим иштирок дорад, иттилоъ медиҳад, ки зимни ифтитоҳи ин Портал муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зикр сохт, ки Портали савдои Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафи саноатикунонии мамлакат, инчунин иҷрои уҳдадории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Ҷаҳонии Савдо, хусусан моддаи 1.2 Созишномаи Созмони мазкур оид ба соддагардонии расмиёти савдо, тақвияти иқтидори содирот ва соддагардонии расмиёти савдо таъсис дода шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки Портали савдои Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ва бо кумаки шарикони рушд — Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо таҳия гардидааст. Он ба соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ имкони гирифтани маълумот оид ба ҳуҷҷатгузории содирот ва воридоти молро дода, инчунин ба онҳо дар мавриди сарфаи вақт ва хароҷот сабукӣ меорад.
Мусаллам аст, ки дар самти таҳияи Портали савдои Тоҷикистон, ки бори нахуст созмон дода шуд, дар таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон мавриди истифода қарор дода шуда, он аз ҷониби коршиносони миллӣ таҳия гардидааст. Зикр гардид, ки Портали савдои Тоҷикистон таҷрибаи нахустин дар фаъолияти савдои хориҷии мамлакат буда, ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд имконияти гирифтани маълумотро вобаста ба расмиёти воридотӣ, содиротӣ ва транзитии 39 гурӯҳи молӣ баробар ба тахминан 1500 молу маҳсулот фароҳам меоварад.
Дар рафти чорабинии мазкур видеоролик ва Портали савдои Тоҷикистон ба иштирокчиён муаррифӣ гардид. Инчунин муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода ва намояндагони шарикони рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, назири Дафтари барномаҳои ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон/SECO, Маркази Тиҷорати Байналмилалӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Барномаи Рушди СММ дар панели сатҳи баланд дар мавзӯъҳои «Рақамкунонӣ ва соддагардонии расмиёти савдо бо ҳадафи пешбурди самараноки тиҷорат», «Тарзи истифодаи Портали Савдои Тоҷикистон», «Манфитатҳои Портали савдои Тоҷикистон-намунаҳои беҳтарини таҷрибаҳои ҷаҳонии Маркази байналмилалии тиҷорат/ЮНКТАД ва нақшаҳои Тоҷикистон ҷиҳати ислоҳот дар самти соддагардонии расмиёти савдо» ибрози назар намуданд.













Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд






