«ИЛМУ МАОРИФ – БУНЁДИ МАЪРИФАТИ ЗЕҲНӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи илмию амалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 18.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Рушди соҳаи маориф заминаи асосии пешрафту шукуфоии ҳар давлат ба шумор рафта, он дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин матлаб дар конфронси илмию амалӣ, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Илму маориф –бунёди маърифати зеҳнӣ» доир шуд, баён гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова доир ба самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши маориф, рушди соҳаи маориф дар кишвар ва асосҳои ҳуқуқии он сухан гуфтанд.
Зикр шуд, ки тақвияти иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф маҳсуб мешаванд.
Гуфта шуд, ки ҷиҳати рушди соҳаи маорифи мамлакат аз ҷониби Парлумони кишвар чандин қонунҳои соҳавӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсиоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии бад аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи адабиёти таълимӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Дар бораи парки технологӣ», «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ» қабул гардидаанд, соҳаро ба танзим медароранд.
Мусаллам аст, ки дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат ба рушди соҳаи илму маориф аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, сол аз сол маблағгузорӣ ба соҳаи маориф меафзояд. Дар мамлакат садҳо муассисаҳои таълимӣ бунёд гардидаанд, ки ин раванд ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, касбӣ ва олӣ мусоидат менамояд. Таъкид гардид, ки бояд дар ҷумҳурӣ мутахассисоне омода гарданд, ки ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат бошанд ва дар ин росто низоми соҳаи маорифи мамлакатро бояд ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намуд. Ин дар ҳолест, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидии рушди устувори мамлакат арзёбӣ гардидааст.
Дар ҳамоиш ҳамзамон доир ба дигар паҳлуҳои рушди соҳаи маориф, мушкилоти ҷойдоштаи соҳа, дурнамои он ва нақши соҳаи маориф дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафту шукуфоии кишварамон табодули назар намуда, пешниҳодҳои судманд баён карданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамзамон ду китоб- «Таҳаввулоти низоми маориф дар Тоҷикистон» ва «Илм маориф», ки бозгӯкунандаи тамоюлот, мушкилот ва дурнамои соҳаи маорифи кишвар мебошанд, рӯнамоӣ гариданд.










Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд






