ИМА ва Тоҷикистон дар самти коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ҳамкорӣ мекунанд

Апрель 20, 2019 09:35

ДУШАНБЕ, 20.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Америка ният дорад дар  самти  коҳиш додани  хатари офатҳои табиӣ ва  фоҷеаҳои техногенӣ, бозомӯзии мутахассисони  пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои   ҳолатҳои фавқулода бо  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд.

«Ин ҳамкорӣ миёни Горди миллии Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад», — хабар доданд аз КҲФ ва МГ ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои манбаъ, масъалаи мазкур зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва ҳайати Горди миллии ИМА  бо сарварии сардори ситод, генерали бригада Ҷеймс В.Ринг дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки ҷонибҳо масъалаи ташкили низоми коҳиш додани  хатари офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Апрель 20, 2019 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид