КӮМАК БА «КӮДАКОНИ ХУРШЕДӢ». Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аксияи хайриявӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 11.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон якҷояи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аксияи хайриявии «Хушбахтии тифлона барои «Кӯдакони хуршедӣ»-ро доир намуд. Он 10 апрел дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ҷамъбаст карда шуд, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз шаҳри соҳили Сир.
Маълум гардид, ки иқдоми мазкурро аъзову фаъолони ҳизб самимона ҷонибдорӣ кардаанд. Дар аксия зиёда аз 1000 нафар намояндагони идораву муассисаҳо ва шахсони алоҳида иштирок карда, ба кори хайр шарик шуданд. Дар охири аксия маълум гардид, ки дар сандуқи хайриявӣ наздики 14000 (чаҳордаҳ ҳазор) сомонӣ маблағи хайриявӣ ҷамъ гардидааст. Маблағҳои ҷамъшуда барои табобату кӯмак ва умуман солимии «кӯдакони хуршедӣ» сарф карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар аксияи «Хушбахтии тифлона барои “Кӯдакони хуршедӣ» ҳудуди 50 нафар кӯдакони дорои синдроми Даун, ё худ «кӯдакони хуршедӣ» ҳамроҳ бо волидону наздиконашон иштирок карданд. Баҳри онҳо барномаҳои ҷолиби фарҳангиву фароғатӣ ба роҳ монда шуда, ҳамзамон, намоиши аксҳои кӯдакон, маҳорати расмкашиву ҳунармандии «кӯдакони хуршедӣ» манзур карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки синдроми Даун ба ифтихори табиб Ҷон Лэнгдон Даун, ки нахустин бор соли 1862 ин бемории ирсии руҳиро ошкор намудаст, чунин ногузорӣ шудааст. Кӯдакони гирифтори ин бемориро беваҷҳ «кӯдакони хуршедӣ» намегӯянд – ба онҳо хушҳолию меҳрубонии бештар аз кӯдакони солим хос аст.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки чунин аксияҳоро мунтазам амалӣ гардонида, дар солимии ҷомеа, махсусан, насли наврас ҳиссагузор гардад, зеро ин самт дар барномаи ҳизб яке аз нуктаҳои муҳим пазируфта шудааст.









Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






