Каратэчиёни ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё сазовори 2 медали биринҷӣ гардиданд

Апрель 29, 2019 13:31

ДУШАНБЕ, 29.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба каратэ сазовори ду медали биринҷӣ шуданд. Дар ин бора корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, Чемпионати Осиё оид ба каратэ (WKF) миёни наврасон, ҷавонон ва ҷавонони то 21-сола аз  26  то 28 апрел дар шаҳри Кота Канабалуи Малайзия доир гашт. Дар чемпионат 409 нафар варзишгарон (120 нафар миёни наврасон, 135 нафар миёни ҷавонон, 154 нафар миёни ҷавонони то 21-сола) аз 31 давлати қора иштирок карданд.

Хотиррасон менамоем, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар ин мусобиқа 6 нафар варзишгар: Нодирбек Қулматов, Асадбек Фаттоев, Умед Сафаров (миёни ҷавонони то 17-сола), Муҳаммад Тешаев, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов, Абдулваҳоб Шаропов (миёни ҷавонони то -21-сола) намояндагӣ карданд.

Бояд зикр кард, ки медалҳои биринҷиро дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Асадбек Фаттоев дар вазни -68кг ва Умед Сафаров дар вазни -76кг миёни ҷавонони то 17-сола ба даст оварданд. Нодирбек Қулматов дар вазни -61кг ҷои 7-умро ишғол кард.

Миёни ҷавонони то 21-сола натиҷаи беҳтарро Муҳаммад Тешаев нишон дод. Ӯ дар вазни -55кг ҷои панҷумро ишғол кард.

Апрель 29, 2019 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд