Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ субъектони асосии муборизабаранда бо коррупсия мебошанд

Апрель 29, 2019 13:20

ДУШАНБЕ, 29.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ барҳақ зикр намуданд: «Ҳар яки мо — роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо».

Ин гуфтаҳо бояд шиори ҳамешагии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, хусусан ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии (ХШБ) Вазорати корҳои дохилӣ қарор гирад, -гуфт сардори ин хадамот Ҳусейн Халилзода зимни дарси хизматие, ки 26 апрел дар мавзӯи «Пешгирии омилҳои содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ» дар маҷлисгоҳи хадамот доир гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ҳусейн Халилзода илова намуд, ки «ин моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба халқу Ватан содиқонаву софдилона хизмат намуда, дар муносибату муошират бо шаҳрвандон хушмуомила бошем ва кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар кору хизмат ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем. Фаромӯш набояд кард, ки ба амалҳои коррупсионӣ даст задан ба шаъну шарафи кормандони милитсия иснод оварда, обрӯву эътибори ин мақомотро дар ҷомеа коҳиш медиҳад.

Сардори Раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ дар бораи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ зикр намуд, ки «кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ субъектони асосии муборизабаранда бо коррупсия мебошанд ва дар пешгириву ошкорсозии амалу кирдорҳои ҷиноятиву коррупсионӣ масъулият доранд. Мо бояд пеши роҳи ин гуна амалҳоро гирем ва набояд, ки худ олудаи фасод шавем».

Номбурда дар идома дар бораи ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва фаъолияти якҷоя баҳри амалисозии талаботи санадҳои меъёрии хуқуқӣ сухан ронда, илова намуд, ки иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» талаб менамояд, ки пеши роҳи амалу кирдорҳои коррупсионӣ сари вақт гирифта шавад, то беэътиноӣ ба ҷиноят бурда нарасонад.

Нигора Муқимӣ ҳамчунин доир ба бартараф намудани сабаб ва шароити ба содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва таъмини иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин моҳият ва ҳадафи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», хавфҳои коррупсия, роҳу усулҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он ибрози андеша намуда, таъкид сохт, ки пеш аз ҳама, вазорату идораҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ бояд бештар талош варзида, корро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд.

Апрель 29, 2019 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд