«Леваканд. Соли 2018 аз 28 корхонаи саноатӣ сетоаш фаъолият накард», «Фирдавсӣ»-е, ки «Лоҳутӣ»-ро тасхир кард» — шарҳи матбуоти даврӣ
ДУШАНБЕ, 18.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.
Дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият», шумораи рӯзи 16 апрели соли равон, №72 (23675) таҳти сарлавҳаҳои «Душанбе. Рӯзи пойтахт –Рӯзи Тоҷикистон аст», «Барқ. Чаро аз меъёр зиёд талаф меёбад?», «Танзим. Сафи қарздорон коҳиш меёбад», «Биниши миллӣ-бозтоби тафаккури дунявӣ», «Коркарди бадеӣ дар чӯб», «Наврӯзи Бадахшон» ва инчунин аз дигар воқеаву рӯйдодҳои навин дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хабару гузоришҳои ҷолиб ба нашр расидаанд.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» 17 апрели соли равон (№73 (23676)) аз сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия, ки он 16 апрели соли равон сурат гирифт, гузориши мукаммал ба нашр расонидааст. Дар гузориши мазкур, аз ҷумла, дар доираи ин сафар аз вохӯриҳои анҷомдодаи Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ва раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин иттилои муфассал дода шудааст. Дар ҳамин шумораи рӯзнома таҳти сарлавҳаи «Пешвои миллат: «Дӯст доштани Ватан қарзи инсонист» суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон, соҳибкорон, зиёиён ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия (16.04.2019) ба чоп расидааст. Дар ин суханронии Сарвари давлат, аз ҷумла, чунин омадааст: «Бо дарназардошти зарурат ва имкониятҳои зиндагӣ ҳамасола даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо, аз ҷумла ҷавонон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Ҳамин аст, ки ҷанбаҳои мухталифи масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин зимн, барои беҳбуд бахшидан ба шароити будубош ва фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар талошҳои пайгирона ба харҷ дода мешаванд.
Ҳадафи Ҳукумати мамлакат дар ин самт, дар баробари ҳаллу фасли масъалаҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, ба роҳ мондани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва беҳбудии вазъи онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳарчи васеътар бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ дар дохили кишварамон мебошад».
Нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум» (№41, 13.04.2019) аз ҷараёни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров 12 апрели соли 2019 сурат гирифта буд, гузориш додааст.
Дар ин шумора ҳамчунин таҳти сарлавҳаҳои «Кушониён. То 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 197 иншоот дар назар аст», «Ҳусни маънӣ нагузорад, ки ту аз ёд равӣ», «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ аз Паёми Президенти мамлакат сарчашма мегирад», «Леваканд. Соли 2018 аз 28 корхонаи саноатӣ сетоаш фаъолият накард», «Чаро парвариши бузургтарин манбаи истеҳсоли сафеда ба роҳ монда намешавад?», «Суботи Афғонистон бахше аз манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст», «Намояндагони Иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омаданд», «Барои гирифтани пеши роҳи муҳоҷирати табибон бояд ба онҳо имтиёзҳои нав дода шаванд» ва «7 апрел. Оё хизматрасонии ройгони тиббӣ ба ҳама дастрас буд?» маводи таҳлилии рӯзноманигорон ва коршиносон ба нашр расидааст, ки дар онҳо як зумра масъалаҳои муҳими ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.
Дар саҳифаҳои якум ва дуюми шумораи имрӯзаи нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» хабарҳои расмӣ дар бораи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия, маросими расмии пешвозгирии меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи «Внуково-2», мулоқот бо раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин, вохӯрӣ бо раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ва матни суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия чоп шудааст.
Бахшида ба Рӯзи пойтахт нашрия мақолаи «Душанбе сабзтарин пойтахти ИДМ»-ро пешкаши хонандагон кардааст, ки дар он таърихи шаҳри Душанбе ёдоварӣ шуда, рушду равнақи беназири он дар ҳама соҳаҳо давоми солҳои охир нақл карда шудааст. Муаллифи мақолаи «Ў худашро ба илм бахшид» фаъолият, тадқиқоти илмӣ ва муваффақиятҳои доктори илмҳои фалсафа, олими шинохтаи тоҷик Абдураҳмон Қурбоновро баён кардааст. Нашрия ҳамчунин дар партави Паём, рубрикаҳои амният, ҷомеа, фарҳанг, саноат, кишоварзӣ, 300 рӯзи ислоҳот барои дастгирии соҳибкорӣ хабару гузориш ва мақолаҳо чоп кардааст.
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ инчунин мақолаҳои зеринро чоп намудааст: «Душанбе дар масири ободӣ», «Муқовимати иттилоотӣ алайҳи ифротиён мушкилот дорад», «Таносуби ҳақиқати адабӣ ва воқеият», «Ёде аз адиби сипаҳсолори адабиёти тоҷик», «Ангезаҳои исломгароӣ», «Набояд фирефтаи идеологияи бегона шуд», «Ислоҳоти низоми САҲШ», «Мелаи Гули сурх ва Наврӯз дар Балхи Афғонистон», «Ғизои солим» ва «Фирдавсӣ»-е, ки «Лоҳутӣ»-ро тасхир кард.
Нашрияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе -ҳафтаномаи «Мароми пойтахт» бахшида ба Рӯзи пойтахт шумораи махсусро (№15 (556) 17.04.2019) манзури хонандагон гардонидааст. Ин шумора аз хабари сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия, ки ҳамин ҳафта сархати нашрияҳои давриро ташкил медод, шурӯъ гардидааст.
Дар бахши «Ҳаёти ҳизб» хабарнигорони нашрия аз чорабиниҳои ҳизбии пойтахт хабару гузориш пешниҳод намудаанд.
Дар саҳифаи 4 ва 5-и ҳамин шумораи рӯзномаи «Мароми пойтахт» мақолаи раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода таҳти сарлавҳаи «Душанбе дар масири созандагиҳо» ба табъ расидааст. З.Раҳмонзода зимни ибрози андеша дар бораи рушди босуръати шаҳри Душанбе аз гуфтаҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқтибос овардааст: «Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дошта бошад, он гоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки бо номи Ватан ва пойтахти он – шаҳри Душанбе ифтихор кунад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад».
Ҳамин тавр, саҳифаҳои баъдии ҳафтаномаи мазкурро бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе матлабҳо таҳти сарлавҳаҳои «Шаҳри муҷалло» (замзамаи шеъри шоирон дар васфи Душанбе), «Бозтоби чанд воқеоти муҳим» (санаҳои муҳими таърихи пойтахт) ва тасвирбаёни «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе…» фаро гирифтааст.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»