Маҷмӯаи «Устод Лоиқ ва забони миллӣ» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 04.04.2019/АМИТ «Ховар»/. «Устод Лоиқ ва забони миллӣ» — чунин ном дорад маҷмӯаи маводи конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Нақши устод Лоиқ дар рушди забони миллӣ», ки тавассути матбааи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба нашр расидааст.
Дар маҷмӯи мазкур мақолаҳои профессорон Нуъмонҷон Ғаффорӣ «Бозтоби ормонҳои миллӣ дар осори устод Лоиқ», Ҳайдаршо Пирумшо «Назму низоми таърих дар набзи шеъри Лоиқ», Абдунабӣ Сатторзода «Лоиқ ва шеъри ҳолат» ва Саидмуроди Хоҷазод «Забон ва Ватан ду рукни умда дар осори Лоиқ» гирд омадаанд, ки ҷанбаҳои худшиносиву худогоҳии миллиро дар осори Лоиқ ба риштаи таҳлил кашидаанд.
Махсусиятҳои забони осори устод Лоиқ ва нақши он дар рушди забони тоҷикӣ, таҳаввули жанри дубайтӣ дар ашъори ӯ, таъсири осори классикон ба эҷодиёти устод Лоиқ ва пажӯҳиши ҷанбаҳои дигари ашъори устоди сухан меҳвари аслии маҷмӯаро ташкил медиҳад.
Маҷмӯа барои пажӯҳишгарони осори шоир, устодони донишгоҳҳо, унвонҷӯёну донишҷӯён ва ҳаводорони ашъори устод Лоиқ пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки устод Лоиқ аз бузургтарин суханварони охири садаи XX аст, ки бо ашъори обдори хеш дар саҳифаҳои таъриху фарҳанги мардуми форсизабон нақши носутурданӣ гузоштааст.








СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд






