Марҳилаи якуми «Нелегал-2019» дар вилояти Хатлон 9 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмуриро муайян сохт

Апрель 15, 2019 15:45

ДУШАНБЕ, 15.04.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон марҳилаи якуми амалиёти «Нелегал-2019»-ро ба анҷом расонид.

 Тавре аз Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, марҳилаи якуми амалиёт  рӯзҳои 9-12-уми апрели соли равон идома ёфта, дар доираи амалиёти махсуси «Нелегал-2019» 9 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, чорабиниҳо бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ҳудуди вилоят аз тарафи кормандони Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тибқи нақшаи тартибдодашуда дар ҳудуди вилоят амалӣ гардиданд.

Бояд зикр кард, ки мақсади асосӣ аз гузаронидани амалиёти муштарак таъмину сулҳу субот дар кишвар ва амнияту осоиштагии мардум, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба шумор меравад.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии «Нелегал — 2019» дар ҳудуди давлатҳои аъзои СААД амалиёти минтақавии «Нелегал» имсол дар се марҳила гузаронида мешавад.

Апрель 15, 2019 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд