Мусобиқаи пойгаи мотосиклронӣ барои дарёфти Ҷоми вилояти Хатлон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 09.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 апрели соли равон дар шаҳри Леваканд мусобиқаи пойгаи мотосиклрониро барои дарёфти Ҷоми вилояти Хатлон доир менамояд.
Тавре аз Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Турсунзода, Леваканд, Ваҳдат, Кўлоб, ноҳияҳои Ёвон, Фархор, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок хоҳанд намуд.
Пойга барои фатҳи марра байни мотосиклҳои ҳаҷми муҳаррикашон 125, 250, 350 ва 500 метри мукааб сурат гирифта, варзишгарон бо мотосиклҳои замонавии истеҳсоли ширкатҳои маъруфи “Хонда”, “Кавасаки”, “Судзуки” ва “Ямаха” миёни худ сабқат хоҳанд намуд.
Ба иттилои манбаъ, ғолибон аз рўи ҳисоби даставӣ ва шахсӣ бо ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда мешаванд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт






