Нашриёти «Камолак» девони Камоли Хуҷандиро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кард
ДУШАНБЕ, 29.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон нашриёти «Камолак» девони Камоли Хуҷандиро бо забони ӯзбекӣ дар тарҷумаи Олимҷон Бӯриев интишор намуд. Ин армуғонест ба шарафи 700 –солагии шоири шаҳири тоҷик Камоли Хуҷандӣ.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, девони Шайх Камол бо ташаббуси Академияи фанҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Осорхонаи давлатии ба номи Алишер Навоӣ таҳия ва омода шудааст. Дар мақолаи академик Азиз Қайюмов, ки дар оғози девон оварда шудаст, гуфта мешавад, ки Камоли Хуҷандӣ аз муътабартарин суханварони замонаш буда, ин маҳбубият миёни хонандагони чаҳон рӯзафзун аст.
Ба иттилои манбаъ, Олимҷон Бӯриев шоир ва тарҷумони мумтози Ӯзбекистон буда, то ин дам «Хамсаҳо»-и Низомиву Деҳлавӣ, «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ ва девони ҳофизи Шерозиро тарҷума кардааст.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт






