Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммерншайм мулоқот намуд

Апрель 24, 2019 10:42

ДУШАНБЕ, 24.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Вазири  рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммерншайм  мулоқот намуд.

Тавре аз вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни  вохӯрӣ ҷонибҳо дар мавзӯи  вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, таъмини суботи макроиқтисодӣ, раванди ислоҳоти иқтисодӣ, ҷараёни мувофиқа ва татбиқ намудани барномаҳои сатҳи минтақавӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ, фаъолияти ширкатҳои амрикоӣ дар мамлакат, ҷалби сармоягузорӣ, ҳамчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва шуғли аҳолӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар фарҷоми мулоқот  тарафҳо  ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ  дар самтҳои гуногун  ҳавасмандии худро баён доштанд.

Апрель 24, 2019 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад