Нимаи дуюми моҳи апрел дар ҷумҳурӣ бориши борон тибқи меъёри муқаррарӣ ба амал меояд

Апрель 17, 2019 13:37

ДУШАНБЕ, 17.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи огоҳиномаи Агентии обу ҳавошиносии Тоҷикистон,  нимаи дуюми имрӯз дар як зумра минтақаҳо боридани борон қатъ гардида, ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Танҳо дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Фаридун Ахмедов хабар дод.

Бино ба гуфтаи номбурда, нимаи якуми моҳи апрел боришот аз меъёри муқаррарӣ зиёд пешгӯӣ шуда буд.  Нимаи дуюми моҳи апрел  боришот  аз рӯи  меъёри муқаррарӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ба зикри сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, сабаби  боридани боронҳои шиддатнок  дар шабонарӯзи гузашта- ин ворид гардидани ҳаракати бӯронии   ҷанубие мебошад, ки бо худ анбӯҳи ҳавои намнок меоварад.

«Дар асл  моҳи апрел моҳи сербориш мебошад.  Аз  ин рӯ дар ин моҳ боронҳои даргузар пешгӯӣ карда мешаванд»,- мегӯяд Фаридун Ахмедов.

Апрель 17, 2019 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд