ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад

Апрель 26, 2019 08:08

ДУШАНБЕ, 26.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда  шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар  баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 1-6  ва  рӯзона 11-16  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона  4-9 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, туман  мефарояд. Дар  баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 6-11  ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард шуда,  рӯзона  4-9  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар  баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр  барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6  ва   рӯзона 8-13   дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст.  Борони   кӯтоҳмуддат борида,  туман мефарояд. Дар  баландиҳои зиёда аз 1 ҳазору 500 метр  борон  ба барф мубаддал мегардад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 5-10 ва рўзона 13-18  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва  рўзона 9-14  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 6-8 ва рӯзона 14-16   дараҷа гарм мешавад.

Апрель 26, 2019 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд