ОФАРИН! Дастаи мунтахаби то 15-солаи Тоҷикистон соҳиби Ҷоми «Роҳи абрешим-Ҳуа-Шан-2019» гардид
ДУШАНБЕ, 11.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон дар даври охирини мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан” (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) бо дастаи мунтахаби Чин вохӯрда, бозиро бо натиҷаи 0:0 ҷамъбаст кард ва дар маҷмӯъ соҳиби Ҷом гардид.
Шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар силсилаи рақобатҳо бар Қирғизистон бо натиҷаи 8:0 ва бар Мйанма 5:0 пирӯзӣ ба даст оварданд.
Дар расми ҷамъбасти мусобиқа ба футболбозони навраси тоҷик Ҷоми мусобиқа тақдим гардид. Ҳамчунин унвони беҳтарин дарвозабон ба Сафармад Ғаффоров, беҳтарин ҳамлагар ба Абдулфаттоҳ Худойдодзода ва беҳтарин нишонзан ба Муҳаммадворис Сайдалиев мансуб дониста шуд.
Иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан” (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё ба ҳисоб меравад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд









ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






