Ҷоми КФО: ғалабаи нахустини «Хуҷанд» ва мусовии «Истиқлол» дар даври дуюми бозиҳои гурӯҳи «Д»

Апрель 18, 2019 11:25

ДУШАНБЕ, 18.04.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар доираи даври дуюми бозиҳои Ҷоми КФО дар гурӯҳи «Д» дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» «Дордой»-и Қирғизистонро бо натиҷаи 3:1 шикаст дода, нахустин ғалабаи худро дар ин мусобиқа ба даст овард.  «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии сафарии худ дар Ашқобод дар баробари чемпиони Туркманистон – «Алтин Асир» қарор гирифта, натиҷаи мусовии 1:1-ро ноил гардид. Шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ шарҳ медиҳад.

Дастаи «Хуҷанд» таҳти роҳбарии сармураббии нави худ Виталий Левченко яке аз вазифаҳои мураккаби худ-ғалаба дар муқобили чемпиони Қирғизистон – «Дордой»-и Бишкек бо сари баланд иҷро кард. Ҳарчанд меҳмонон дар ин вохӯрӣ аввалин шуда, ҳисобро дар дақиқаи 17-ум  тавассути голи задаи Бекҷон Сагинбаев кушоданд, аммо хуҷандиҳо бартариро ба меҳмонон дода, аз аксулҳуҷумҳо истифода бурданд.  Бозингари соҳибтаҷриба Дилшод Восиев се дақиқа пеш аз анҷоми нимаи аввал муваффақ гардид, ки ҳисобро баробар кунад. Баъди оғози қисми дуввум дар дақиқаи 63-юм бори дигар Дилшод фурсати мувофиқро истифода бурда, тӯбро ба дарвозаи Павел Матияш равон кард. Дар дақиқаи 89-уми вохӯрӣ футболбозони Дордой дар назди даврозаашон ҳамлагари «Хуҷанд» -Дилшод Бозоровро зада аз пой афтониданд ва довар ба муҳофизатгари меҳмонон Азамат Бойматов корти дуюми зард нишон дода, ӯро аз майдон ронд ва ба дарвозаи «Дордой»  ҷазои 11-метра таъйин кард. Ҷаҳонгир Эргашев моҳирона онро ба нишон расониду ҳисобро ба 3:1 баробар кард.

Дар дидори дастаҳои «Алтин Асир» ва «Истиқлол» дар варзишгоҳи «Копетдаг» ғолиб муайян нагардид. Дар нимаи аввал маҳорати хуби дарвозабони «Истиқлол» Никола Стошич имкон надод, ки «Алтин Асир» ҳисобро боз кунад. Се лаҳзаи голзаниро соҳибони майдон ба вуҷуд оварданд. Аммо ҳисоб он замоне кушода шуд, ки нишонзани беҳтарини соли гузаштаи мамлакат Шериддин Бобоев ба майдон омад.  Дар дуюмин ширкаташ дар хати ҳуҷум  ба ӯ муяссар гардид, ки хати муҳофизати «Алтин Асир»-ро дар ғафлат гузошта, бо  зарбаи такрорӣ тӯбро ба тӯри дарвоза ворид намояд. Футболбозони туркман зуд ба ин гол ҷавоб гардониданд ва баъди 1 дақиқа –дар дақиқаи 80 тавассути зарбаи Салим Нурмуродов ҳисобро баробар карданд. Нисбат ба нимаи аввал футболбозони «Истиқлол» дар қисми дувум бозии зебо нишон доданд. Дар ҳуҷумҳои онҳо дигаргунӣ ба мушоҳида  расид. Аз рӯи омор «Истиқлол» тақрибан 53 фоизи нигаҳдории тӯбро дар ихтиёр дошт. Дар тӯбрабоӣ бартарии «Алтин Асир» эҳсос гардид. Соҳибони майдон 8  ва «Истиқлол» 3 зарбаи кунҷиро ба иҷро расониданд. Ду маротиба истиқлолиҳо ва як маротиба «Алтин Асир» дар ҳолати ғайрибозӣ қарор доштанд. Ду бозингари “Истиқлол” Амирбек Ҷӯрабоев ва Искандар Ҷалилов огоҳӣ гирифтанд ва бозӣ бо натиҷаи 1 бар 1 хотима ёфт.

Баъди ин мусовӣ «Истиқлол» соҳиби 4 имтиёз гардида, дар зинаи аввал мавқеашро устувор кард. «Хуҷанд» бо се хол ба зинаи дуввум баромад.

Ҷоми КФО-2019

Минтақаи марказ. Гурӯҳи «D». Даври 2-юм

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон) – 3:1

Голҳо: Бекҷан Сагинбаев, 17 (0:1). Дилшод Восиев, 42 (1:1). Дилшод Восиев, 63 (2:1). Ҷахонгир Эргашев, 89 – аз пенальти (3:1).

«Хуҷанд»: Давид Купатадзе, Асилҷон Бегимқулов, Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Ахмедов (Торнике Джимшелеишвили, 55), Фирдавс Чақалов, Бахтиёр Чориев, Ойбек Абдуғаффоров, Дилшод Восиев (Дилшод Бозоров, 75), Ҷахонгир Эргашев, Комрони Мирзонажод, Турсуналӣ Рустамов.

«Дордой»: Павел Матяш, Мустафа Юсупов, Курсанбек Шератов, Азамат Байматов, Бекҷан Сагинбаев, Кайрат Жиргалбек, Фархат Мусабеков, Антон Землянухин, Вахит Оразсахедов, Артур Валикаев, Мирлан Мурзаев.

Огоҳӣ: Ҷаҳонгир Эргашев («Худҷанд»).

Аз бозӣ ронда шуд: Азамат Байматов («Дордой»), 88 – корти 2-юми зард.

Бозингари беҳтарин: Дилшод Восиев («Хуҷанд»).

Довар дар майдон: Срикришна Коимбаторе Рамасвами (Ҳиндустон).

Нозири доварон: Хидоят Момбени (Эрон).

Комиссари бозӣ: Мохаммад Саид Алхаттавӣ (АМА).

17 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 7200 тамошобин.

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 1:1

Гоҳо: Шериддин Бобоев, 79 (0:1). Селим Нурмуродов, 80 (1:1).

«Алтин Асир»: Мамед Орзмухамедов, Зафар Бабаҷанов, Мекан Сапаров, Алтинмурад Аннадурдиев, Селим Нурмурадов (Йелмурат Баллаков, 81), Мурат Яхшиев, Мурат Аннаев (Бегмурат Байов, 61), Расул Хоҷаев, Гурбангелди Батиров, Сердар Гелдиев, Беганч Аннагурбанов.

«Истиклол»: Никола Стошич, Ҷалил Кимсанов, Искандар Ҷалилов, Алексей Ларин, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев (Шериддин Бобоев, 74), Мухаммадҷон Раҳимов (Комрон Турсунов, 37), Эҳсони Панҷшанбе (Михайло Сакич, 66), Фатҳулло Фатҳуллоев, Руслан Корян, Алишер Ҷалилов.

Огогҳӣ: Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев («Истиқлол»).

Бозингари беҳтарин: Селим Нурмуродов («Алтин Асир»).

Довар дар майдон: Абдулла Али Алмаррӣ (Қатар).

Нозири доварон: Мҳсин Туркӣ (Эрон).

Комиссари бозӣ: Равишанкар Ҷаяраман (Ҳиндустон).

17 апрел. Ашқобод. Варзишгоҳи  «Копетдаг». 11 300 тамошобин.

Апрель 18, 2019 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини кураш муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо бозӣ ба муқобили тими Уммон оғоз мекунад
Дастаҳои «Вавилон» ва «Рахш-такси» ғолиби мусобиқаи футзал ба поси хотири Александр Кирсанов шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) машқҳои дастҷамъиро дар Туркия ҷамъбаст намуд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2025. Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон ба он омодагӣ мебинад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент таъмир мегардад
Масрур Ғафуров бо дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе шартномаи сесола ба имзо расонид
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо Эрон, Уммон ва Кореяи Шимолӣ бозӣ мекунад
Ҳамкории минбаъдаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Шурои олимпии Осиё баррасӣ шуд
ҶОМИ ФФТ-2025. «Истиқлол» дар бозии аввал аз дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор мағлуб гардид
Варзишгарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар мусобиқаҳои варзишӣ соҳиби 167 медал шуданд