Ҷоми пойтахт — 2019 насиби Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов гардид
ДУШАНБЕ, 29.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми пойтахт — 2019 бо иштироки беҳтарин паҳлавонони мамлакат баргузор шуд. Тафсилоти бештари мавзӯъ аз шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
Дар мусобиқа, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил шуд, беш аз 80 нафар варзишгарони беҳтарини ҷумҳурӣ аз рӯи ду категорияи вазнӣ: -80 кг ва +80 кг барои ба даст овардани ҷойҳои намоён гӯштин гирифтанд.
Дар категорияи вазнии -80 кг варзишгари шинохтаи тоҷик, чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазода пирӯз шуд. Ӯ дар даври ниҳоӣ бар Саидмухтор Расулов ғолиб омад. Ҷои сеюмро Ҳақаназар Назаров пас аз пирӯзӣ бар Раҳматуллобек Фарҳодов ба даст овард.
Дар вазни +80 кг паҳлавони ҷавону умедбахши тоҷик Темур Раҳимов ғалаба кард. Темур, ки ҳафтаи гузашта дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар вазни +100 кг сазовори медали нуқра гардид, дар финал паҳлавони дигари шинохтаи тоҷик Шакармамад Мирмамадовро шикаст дод. Паҳлавони маъруфи ҷумҳурӣ Комроншоҳ Устопириён дар ин мусобиқа ҷои сеюмро ишғол кард. Ҳарифи Комроншоҳ дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Саидҷалол Саидов аз мусобиқа даст кашид.
Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми пойтахт – 2019 дар сатҳи баланду хотирмон сурат гирифта, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба ғолиби ҷои аввал Шоҳҷоиза – мошин, барои ҷои дуюм мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ тақдим гардид.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






