Паҳлавонони маъруфи тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо иштирок мекунанд

Апрель 12, 2019 09:13

ДУШАНБЕ, 12.04.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 20 то 23 апрел дар шаҳри Фуҷайраи Амороти    Муттаҳидаи Араб Чемпионати Осиё оид ба дзюдо баргузор мешавад, ки дар он паҳлавонҳои маъруфи тоҷик иштирок мекунанд.

Дар ин бора корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон   хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар  чемпионати имсола 9 нафар паҳлавонони шинохтаи   тоҷик- Муҳаммадризо Қувватов (-60кг),  Ёқубҷон Боқиев (-66кг),  Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг),  Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Саидҷалол Саидов (-100кг),  Темур Раҳимов (+100кг) ва  Шакармамад Мирмамадов (+100кг) барои ҷойҳои ифтихорӣ талош хоҳанд кард.

Бояд зикр кард, ки дар Чемпионати Осиё иштироки 292 нафар варзишгар (181 мард, 111 зан) аз 39 давлати қора дар назар аст. Варзишгарон аз рӯи 14 категорияи вазнӣ – 7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни бонувон ва қувваозмоии даставии омехта барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.

Варзишгарон барои иштирок дар ин чемпионат сазовори холҳои олимпӣ мегарданд. Варзишгароне, ки ҷои аввалро ишғол менамоянд, соҳиби 350 холи олимпӣ хоҳанд шуд, барои ҷои дуюм 245, барои ҷои сеюм 175, барои ҷои панҷум 126, барои ҷои ҳафтум 61 хол пешбинӣ шудааст. Варзишгароне, ки дар даври аввал ба бохт дучор мешаванд, соҳиби 3 хол мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки   дар ду чемпионати гузаштаи солҳои 2017, 2018  паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ба унвони чемпионӣ даст ёфта буд.

Апрель 12, 2019 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд