Пагоҳ барномаи ҷумҳуриявӣ зери шиори «Фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тиббӣ» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 5.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии саломатӣ пагоҳ, 6 апрели соли равон аз соати 8.00 то соати 12.00 дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе бо иштироки устодону профессорон ва мутахассисони баландпояи соҳавӣ барномаи ҷумҳуриявӣ зери шиори «Фарогирии умумии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ» баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни амалишавии ин барнома, ки инчунин дар вилояту шаҳру ноҳияҳо доир мегардад, ҷиҳати пешгирии бемориҳо дар байни аҳолӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар ташхисҳо ба таври ройгон анҷом дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар саросари ҷаҳон ҳамасола 7 апрел Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин сана ҳамасола дар тамоми муассисаҳои саломатӣ «Рӯзи дарҳои кушод» эълон мешавад.








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






