Пагоҳ дар ҷумҳурӣ «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 01.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 9 апрели соли равон дар саросари ҷумҳурӣ Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.
Фестивал мазкур расман 2 апрели соли равон дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, инчунин дар китобхонаҳои бачагонаи вилоятӣ, маркази шаҳру ноҳияҳо ва мактабӣ оғоз мегирдад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷамъбасти фестивал, ки он 9 апрел сурат мегирад, бахшида ба 65-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғойиб баргузории намоиши идона бо иштироки аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф, васоити ахбори омма дар назар дошта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи баргузории ин фестивал намоиши китобҳои тозанашр, вохӯрӣ бо адибон, маҳфилҳои гуногуни адабию ҳунарӣ, барномаҳои ҷолиби консертӣ, ташкили озмуни расмҳо аз рӯи асарҳои кӯдакона «Китобчаи дӯстдоштаи ман», озмуни хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО, сабқатҳои «Фурӯхташавандатарин китоб», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кӯдакон» ва озмуни ровиёни ҷавон дар назар дошта шудааст.
Бояд зикр намуд, ки ғолибони Фестивал бо мукофот сарфароз мегарданд.








Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад






