Парвиз Муҳаммадзода: Паёми Пешвои миллат – қутбнамои татбиқи сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллӣ

Апрель 6, 2019 08:06

ДУШАНБЕ, 06.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Пешвои миллат масоили татбиқи сиёсати хориҷӣ ва таъмини амнияти миллӣ яке аз мавзўъҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ба он диққати аввалиндараҷа дода шудааст. Дар ин бора муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз МУҲАММАДЗОДА дар  суҳбати атрофи «мизи гирд», ки дирӯз, 5 апрел дар Душанбе доир гардид, изҳори назар намуд. Бо назардошти он, ки масъалаи мазкур феълан аз мавзуҳои муҳими рӯз аст, АМИТ «Ховар» матни суханронии мазкурро пешкаши хонандагони худ мегардонад.

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 дастури муҳими стратегие ба шумор меравад, ки барои ҳар як шаҳрванд ва рушди ҷомеаи мо аҳамияти хосcа дорад.

Дар баробари ин, дар Паёми Пешвои миллат масоили татбиқи сиёсати хориҷӣ ва таъмини амнияти миллӣ яке аз мавзўъҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ба он диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Аз ин рў, Паём ҳамчун қутбнамо дар татбиқ ва таъмини масоили мазкур нақши калидӣ дорад.

Ба андешаи мо, тамоми дастовардҳои сиёсати хориҷӣ ва масъалаҳои таъмини амният, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, пешрафт ва рушди устувори Тоҷикистон маҳз аз Конститутсия ва Паёмҳои солонаи Президенти кишвар сарчашма мегиранд.  Вобаста ба масъалаи татбиқи сиёсати хориҷӣ ва таъмини амнияти миллӣ фикру андешаҳо хеле гуногунанд. Аммо ба назари мо масоили рушди минбаъда, пешрафти соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷалби сармояи хориҷӣ ва сайёҳони хориҷӣ, рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ маҳз аз  самтгирии минбаъдаи фаъолияти сиёсӣ вобастагӣ дорад. Масъалаҳои мазкур ҳамасола дар Паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли як нақшаи кории дурнамо тарҳрезӣ гардида, дар он самтҳои  фаъолияти минбаъда муайян гардидаанд. Дар ин росто, саҳми бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ва умуман кормандони тамоми соҳаҳо таъсири мусбат расонида, рушду инкишофи кишварро метезонад.

Бояд тазаккур дод, ки Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо хусусиятҳои таҳлилӣ ва самтгирии муайяни соҳаҳои мухталиф  фарқкунанда буда, ҳамчун раҳнамои стратегӣ  ба мардуми шарафманди тоҷик хизмат менамоянд.

Метавон гуфт, ки маҳз муроҷиат ва натиҷаи ироаи ҳамин ҳуҷҷати муҳими барномавӣ  буд, ки дар асоси он сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дуруст ва дақиқ пайгирӣ гардида, дар натиҷаи татбиқи ин сиёсати хирадмандона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 ҷиҳати тавсеаи муносибатҳо бо шарикони анъанавӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ 11 сафар ба хориҷи кишвар анҷом доданд. Дар натиҷаи ин сафарҳо 127 санади дуҷониба дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла 7 санади сиёсӣ, 32 шартномаи байниҳукуматӣ, 36 шартномаи байналмилалии байниидоравӣ ва байнимуассисавӣ, 37 ёддошт ва протоколи байниидоравӣ ва 15 барномаи ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расид.

Агар мо ба таҳлили мундариҷавии Паём  назар афканем, пас маълум мегардад, ки Паёми навбатии Пешвои миллат бо ироаи  масоили сиёсати хориҷӣ оғоз гардида,  бо ин мавзўъ анҷом ёфтааст.

Пешвои миллат дар оғози ироаи Паём вобаста ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни татбиқи амалии ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои об–Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028»    суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки «20 декабри соли 2018 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро таҳти унвони «Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028» якдилона ва бо ҳаммуаллифии 190 кишвари узви созмон қабул кард.

Ин қатънома ҷараёни баррасии миёнамуҳлати даҳсоларо ба танзим дароварда, баргузории ду чорабинии муҳими ҷаҳониро пешбинӣ менамояд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳамчун ҷониби ташаббускори масъалаҳои вобаста ба об дар сатҳи глобалӣ бо маром амалӣ гардонидани ҳадафу вазифаҳои даҳсолаи навро мунтазам пайгирӣ кунем».

Агар мо мазмун ва муҳтавои нуктаи зикршударо дар Паём таҳлилу таҳқиқ намоем, пас бояд хулоса намуд, ки  Паёми Пешвои миллат ҳамчун барномаи таҳрезишуда ҷиҳати пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ ва саҳми бузург дорад. Зеро  татбиқи амалии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва аксарияти кишварҳои ҷаҳон якдилона дастгирӣ ёфта, чорабиниҳои сатҳи баланду фарогири созмон дар масоили захираҳои об баъди зиёда аз чил соли баргузории нахустин Конфронси созмон дар соҳаи об аз ҷониби Дабири кулли он даъват карда мешавад. Ҳамчунин вобаста ба ин масъала Пешвои миллат сохторҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки “моро зарур аст ҳамчун ҷониби ташаббускори масъалаҳои вобаста ба об дар сатҳи глобалӣ бо маром амалӣ гардонидани ҳадафу вазифаҳои даҳсолаи навро мунтазам пайгирӣ намоем”, ки аз ин нуқтаи назар мо метавонем Паёми Пешвои миллатро ҳамчун нақшаи амали дарозмуҳлат  низ арзёбӣ намоем.

Ба андешаи мо, барои боз ҳам возеҳу равшан шарҳ додани масоили сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллӣ  метавон аз суханрониҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳамкории дуҷониба ва  ҳамкории минтақавӣ  мисол оварем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми муайян намудани самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола зимни ироаи Паём масоили рушди ҳамкории дуҷониба ва минтақавиро яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар арзёбӣ намуда, ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи махсус медиҳанд,  зеро имрўзҳо коршиносони аксари марказҳои зеҳнии  минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аллакай консепсия ва равишҳои наверо бо воқеияти равандҳои нави минтақаи мо коркард менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо кормандони дипломатии кишвар ба ифтихори ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар суханронии худ  таъкид намуда буданд, ки  «Роҳбарияти давлати Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад ва ин бардоштро дар амалияи сиёсии худ дар тўли бист соли охир борҳо намоиш додааст. Мо якҷоя ва дар ҳамкории созандаву ҳусни эътимод бо якдигар метавонем бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем».

Дар Паёми соли 2018 низ  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки  «мо ба таҳкими робитаҳои дўстӣ ва рушди ҳамкории гуногунҷанба дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Густариш ва таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, чун анъана, дар асоси дўстиву эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо, ҳамчунин рафъи мушкилоти муштарак равона гардидааст».

Хулоса, бо пуштибонӣ аз чунин равиши сиёсати хориҷӣ,  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама марҳилаҳо ғояи рушди  ҳамкорӣ ва лоиҳаҳои ҳамгироии минтақавиро дастгирӣ менамояд.

Дар Паёми имсола Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз дастовардҳои муҳими сиёсати хориҷии кишварро масъалаи барқарор гардидани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ўзбекистон арзёбӣ намуда, аз ҷумла иброз намуданд: «Соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дўсти мо –Ўзбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух доданд ва мо тамоми масъалаҳои ҳалталабу шиддатнокеро, ки тайи зиёда аз бист соли охир байни ду кишвар ба миён омада буданд, пурра ҳал карда, ҳамкориямонро ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардем».

Воқеан, агар мо ба вазъи ҳамкории  амниятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва инчунин дигар самтҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ўзбекистон дар ин ду даҳсола назар афканем, пас метавон гуфт, ки ҳар як шаҳрванди кишварҳои мо гузаштаи ҳамкории ду даҳсоларо хуб дар ёд дорад, ки чӣ гуна вазъият доштанд ва имрўз онҳо  шоҳиди воқеии ин таҳаввулоти таърихӣ дар равобити дўстӣ ва ҳамҷавории неки миёни Тоҷикистон ва Ўзбекистон  мебошанд. Ин ҳама аз талошу заҳмат, ҳиммат, хидмат, сиёсати хирадмандона ва дастовардҳои дурбинонаи сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва  Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев шаҳодат дода, онро метавон баёнгари эҳё ва рушди ҳамкории фарогир миёни ду кишвар арзёбӣ намуд. Рўзи дуюми марти соли 2019 аллакай маросими расмии кушодани 17-умин гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистон  ва Ўзбекистон  баргузор гардид, ки ин намунаи воқеии муносибатҳои дўстӣ миёни ин ду кишвар мебошад.

Бояд зикр намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдори кишварро вазифадор карданд, ки  ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкории созандаву дарозмуддати Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва дигар шарикони анъанавӣ ҳадафмандона чораҷўӣ намоянд. Масъалаи дигаре, ки Пешвои миллат сохторҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ин масъалаи татбиқи амалии ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо доир ба масъалаҳои об– Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” буд, ки онро давоми даҳ соли оянда мавриди пайгирии амиқ ва мунтазам қарор диҳанд. Аз ин хотир, метавон Паёми Пешвои миллатро ҳамчун як нақшаи кории амалии миёнамуҳлату дарозмуҳлат ё худ қутбнамои татбиқи сиёсати хориҷӣ арзёбӣ намоем.

Зикр кардан ба маврид аст, ки масъалаи таъмини амният яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ ва калидии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, ҳамасола зимни ироаи Паём ба ин мавзӯъ диққати махсус зоҳир мегардад. Ҳамчунин вобаста ба самти фаъолияти сохторҳои марбута доир ба  масъалаи таъмини амният масъалагузории таҳия ва тарҳрезии  барнома ва стратегиҳои алоҳида бо мақсаду ҳадафҳои мушаххас дар мубориза ба таҳдидҳои амнияти миллӣ ва минтақавӣ пешниҳод мешаванд.

Инчунин вобаста ба масъалаи таъмини амният Пешвои миллат дар Паём ҳамеша перомуни  «зиракии сиёсӣ» махсус таъкид менамоянд, ки ин  нукта хеле муҳим мебошад. Ҳамин тавр, ҳар нафаре ки ба умқи маънии он сарфаҳм меравад, пас ба ў маълум мегардад, ки он баҳри ҳимояи манфиатҳои миллии тоҷикон равона  гардида,   дар худ  ободӣ, рушду пешравӣ, сулҳу субот,  ваҳдати миллӣ, ватандорӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ва содиқ будан ба онро дар бар мегирад.

Бояд иброз намуд, ки масъалаҳои пешгирӣ намудан аз зуҳуроти номатлуб ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир, нагаравидани ҷавонон ба сафи созмонҳои террористиву эктремистӣ, иттилоотонии аҳолии кишвар бо маълумоти дақиқу саривақтӣ, баланд бардоштани савияи дониши сиёсиву ҳуқуқии марудуми кишвар, инчунин пешниҳоди нақшаи таъмини минбаъдаи амният дар доираи барномаҳои мушаххаси алоҳида ва стратегияҳои нав, вазифадор намудани сохторҳои марбута ҷиҳати таъмини амният дар Паём масъалагузорӣ карда мешванд, ки ин ҳама “зиракии сиёсӣ”-ро маънидод менамоянд. Дар ин самт Паёми Пешвои миллатро  ҳамчун санади муҳими стратегии пешгирикунанда, огоҳкунанда ва қутбнамои таъмини амнияти миллӣ метавон арзёбӣ намуд. Яъне Паёми Пешвои миллат амнияту суботи кишварро ҳамчун вазифаи меҳварӣ ва асосии ҳар як шаҳрванди ватандўст ҷиҳати таъмини амнияти миллӣ маънидод намуда, дар роҳи таҳкими истиқлолият ва ҳифзи манфиатҳои кишвари азизамон раҳнамоӣ менамояд.

Илова бар ин, Пешвои миллат дар Паём  таъмини амнияти кишвари ҳамҷавори мо Афғонистонро махсус зикр намуда, иброз доштанд: «Суботу оромии ҳамсоякишварамон–Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад. Гузашта аз ин, тайи солҳои зиёд Тоҷикистон ҳамчун сипар на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа, кишварҳои пасошӯравӣ ва аврупоиро аз паҳншавии маводи мухаддир, силоҳ, терроризму экстремизм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъмин карда истодааст. Аз ин рӯ, мо чи аз тариқи минбарҳои байналмилалӣ ва чи дар доираи гуфтушунидҳо бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пайваста даъват ба амал меорем, ки ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад».

Инчунин  Пешвои миллат зимни ироаи Паём масъалаи ҷангу низоъ ва мухолифати мусаллаҳонаро махсуc зикр намуда, таъкид менамоянд, ки  «мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд. Бинобар ин, мо ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар саросари ҷаҳон ҳастем ва хоҳонем, ки тамоми мухолифату низоъҳо, дар кадом минтақа ё кишваре, ки набошанд, танҳо бо роҳҳои осоишта ва музокирот ҳаллу фасл карда шаванд».

Пас маълум мегардад, ки масоили сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллӣ ҳамчун мафҳумҳои калидӣ ба ҳисоб рафта, муайянкунандаи рушду пешрафти тамоми  ҷабҳаҳои ҳаёти инсонӣ ва пешрафти соҳаҳои мухталиф ба шумор меравад, ки мо бояд ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем,  зеро агар амният таъмин набошад, пешрафти кишвар ва рушди иқтисодии он низ имконнопазир аст. Илова бар ин, маълум мегардад, ки сиёсати муосири хориҷии кишвари мо аз ҷониби бунёдгузори он- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дурбинона ва сулҳҷўёна тарҳрезӣ гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки  Паёми Пешвои миллатро ҳамчун қутбнамои татбиқи сиёсати хориҷӣ ва таъмини амнияти миллӣ бояд ҳамачониба омўхта, таҳлил намоем ва аз ҳама муҳим дар татбиқи амалии он саҳмгузор бошем. Илова бар ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Паёми мазкур дастури муҳими иҷтимоию сиёсӣ буда, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар бар мегирад. Аз ин рў, пешниҳод менамоем, ки муассисаҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар бояд барои омўзишу таҳқиқи Паём ҳамчун дурнамои стратегию геополитикӣ ташаббус нишон дода, корҳои таҳлилии илмӣ ва навиштани рисолаҳои илмиро роҳандозӣ намоянд.

Паёми Пешвои миллат дурнамои стратегӣ ва ҳуҷҷати расмии ҳадафсозу ҳувиятсозест, ки дар татбиқи сиёсати хориҷӣ ва таъмини амнияти миллии кишвар ҳамчун  қутбнамо муҳимияти хосса дорад.

Парвиз МУҲАММАДЗОДА,
муовини директори Маркази
                                                тадқиқоти стратегии назди
                                         Президенти Ҷумҳурии   Тоҷикистон,
доктори илмҳои сиёсӣ

 АМИТ «Ховар» дар бораи муаллиф:

Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон  тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 5 феврали соли 2019 муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Презииденти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Ӯ соли 1987 таваллуд шудааст. Қаблан дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Муаллифи беш аз 40 мақолаву рисолаи илмӣ мебошад.

Бо забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ ва туркӣ озодона ҳарф мезанад ва менависад.

Соли 2018 дар мавзӯи «Амнияти иттилоотӣ дар системаи  коммуникатсияи сиёсӣ: ҳолат ва афзалиятҳои таъмин намудани он» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст.

Апрель 6, 2019 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

4364 САДАМАҲОИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР 4 СОЛ. Чӣ тавр пеши роҳи ин ҳодисаҳои нохушро бигирем?
Тоҷикистон дар муборизаи муштарак ба муқобили ҷиноятҳои фаромиллӣ фаъолона иштирок мекунад
Дар Душанбе ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Дар Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони вилояти Суғд вохӯрӣ намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар масъалаи буҳрони Афғонистон шарики муҳими Созмони Милали Муттаҳид мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Дар фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай масъалаҳои амнияти минтақавӣ аввалиндараҷа боқӣ мемонанд»
ЭҲТИЁТ — НИМИ ҲАЁТ. Дар фасли тобистон зарфҳои нигаҳдории гази моеъро дар ҷойи соя ва дур аз гармӣ гузоред
Дар Петербург масъалаи истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
МУҚОВИМАТ БА ИФРОТГАРОӢ. Дар ин мавзуъ дар Душанбе конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии ҳуқуқӣ дар Санкт-Петербург иштирок намуданд