РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД. Имрӯз дар шаҳри Душанбе 100 нафар профессорон ва табибони баландпоя шаҳрвандонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
ДУШАНБЕ, 06.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии саломатӣ, ки 7 апрел таҷлил карда мешавад, бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология»- и шаҳри Душанбе «Рӯзи дарҳои кушод» доир карда шуд. Беш аз 100 нафар профессорон ва мутахассисони баландпояи соҳаи тандурустӣ ва устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино шаҳрвандонро аз ташхиси ройгон гузарониданд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» директори Маркази ҷумҳуриявии «Ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Мухторова иброз намуд, дар давоми солҳои истиқлолият Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи тандурустӣ, пешрафти он ва ҳарчи бештар фаро гирифтани мардум ба хизматрасонии тиббӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекунад. Пӯшида нест, ки солҳои охир дар маркази мамлакат, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беморхонаҳои зиёде сохта ба истифода дода шудаанд. Тамоми ин беморхонаҳо бо навтарин технологияи тиббӣ таҷҳизонида шудаанд. Дар деҳот бунгоҳҳои зиёди тиббӣ ба кор даромаданд. Ҳамаи ин ба хотири бештар фаро гирифтани аҳолӣ ба хидмати тиббӣ ва мустаҳкам намудани саломатии сокинони кишвар мебошад.
«Ҳукумати мамлакат моҳи октябри соли 2010 «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020»-ро қабул намуд. Ин барнома дар баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ нақши босазо бозид. Моҳи марти соли 2017 бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ «Дастур оид ба шарикӣ бо ҷомеа дар масалаҳои саломатӣ» қабул гардид. Ин дастур дар доираи амалӣ намудани Стратегияи миллии солимии аҳолии мамлакат таҳия гардидааст. Ҳадафи асосии дастури мазкур бештар ҷалб намудани аҳолӣ ба масъалаҳои саломатӣ ва бо ин роҳ муайян кардани бемориҳо ва табобати онҳо мебошад», — гуфт Парвина Мухторова.
Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон доир мегардад. Ҷиҳати пешгирии бемориҳо дар байни аҳолӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар ташхисҳо ба таври ройгон анҷом дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) дар саросари ҷаҳон ҳамасола 7 апрел Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин сана ҳамасола дар тамоми муассисаҳои саломатӣ «Рӯзи дарҳои кушод» гузаронида мешавад.
Холиса АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






