Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Рашт майдончаи варзишӣ бунёд мекунад

Апрель 20, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 20.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Рашт майдончаи варзишии муосир ба истифода дода мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ин иқдом бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дастгирии ҷавонони дурдасти деҳот роҳандозӣ мегардад.

Мавриди зикр аст, ки бо иқдоми варзишпарварона ва ташаббуси наҷиб дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш Рустами Эмомалӣ чанд соли охир корҳои назаррас ба сомон расонидааст.

Ин ташаббусҳои Президенти Федератсияи футболи Тоыикистонро ба инобат гирифта, Шӯрои Конфедератсияи футболи Осиё ӯро соли 2018 ба узвияти худ пазируфт.

«Майдончаи варзишии мазкур дар доираи лоиҳаи махсуси Шӯрои олимпии Осиё бо тамоми шароити муосир сохта мешавад»,-илова намуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки соли равон бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ на танҳо дар шаҳри Душанбе, инчунин дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  – шаҳри Хоруғ 8 майдончаи замонавӣ бунёд карда мешаванд.

Апрель 20, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт