Салмон бин Иброҳим Алхалифа аз нав Президенти КФО интихоб шуд

Апрель 9, 2019 10:09

ДУШАНБЕ, 09.04.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Салмон бин Иброҳим Алхалифа аз нав Президенти Конфедератсияи футболи Осиё интихоб гардид ва то соли 2023 дар ин вазифа  фаъолият хоҳад намуд. Ӯ дар Конгресси навбатии КФО, ки дар Малайзия  ба анҷом расид ,  ба ин мансаб аз нав интихоб шуд.

Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа аз Баҳрайн ба мансаби президенти Конфедератсияи футболи Осиё бозинтихоб шуд.
Интихоби президент рӯзи 6 апрел, дар рафти баргузории Конгреси КФО дар Куала-Лумпури Малайзия сурат гирифт.

Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаи 51 сола Конфедератсияи футболи Осиёро аз соли 2013 роҳбарӣ мекунад. Акнун, баъди бозинтихобшавӣ ӯ имкон дорад, ки то соли 2023 Конфедератсияи футболи Осиёро сарварӣ кунад.

Қобили  зикр аст, ки Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ноиби президенти ФИФА аз Осиё маҳсуб  мебошад.

Дар Конгресси КФО дар Малайзия инчунин Ноибони президенти КФО, аъзоёни Кумитаи иҷроияи КФО ва Шӯрои ФИФА интихоб шуданд.
Ба Шӯрои ФИФА аз КФО инҳо шомил  гардиданд: Ду Чжаотсай (Чин), Прафул Пател (Ҳиндустон), Кодзо Тасима (Ҷопон), Мариано Аранета (Филиппин), Сауд Азиз Эл-Моҳаннади (Қатар) ва Маҳфуза Ахтар Қирон (Бангладеш). Инчунин, Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа дар Шӯрои ФИФА Конфедератсияи футболи Осиёро намояндагӣ мекунад.

Дар Конгресси КФО Тоҷикистонро ноиби аввали Президенти Федератсияи футболи кишварамон  Хуршед Мирзо, ноиби президент и ФФТ Алишер Урунов ва Котиби генералии ФФТ Давлатманд Исломов (ДАР АКС) намояндагӣ карданд.

ДАР АКС: намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО. Апрели соли 2019

Апрель 9, 2019 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад