Сатҳи ҷинояткорӣ дар шаҳри Душанбе миёни ноболиғону ҷавонон коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 15.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Давоми се моҳи сипаригардида дар ҳудуди пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе 1133 ҷиноят ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 59 ҷиноят кам аст.
Дар ин бора зимни ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти семоҳаи аввали соли равон, ки таҳти роҳбарии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душнбе Шариф Назарзода баргузор гардид, гуфта шуд.
Тавре аз Раёсати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа зикр гардид, ки дар ҳамаи самтҳои фаъолияти фаврӣ-хизматӣ милитсияи пойтахт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, фоизи ошкорёбии ҷиноятҳо низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баланд гардидааст.
Бояд зикр намуд, ки пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва ҷинояту ҷинояткорӣ, махсусан муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳӣ миёни ноболиғону ҷавонон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти милитсияи пойтахт ба ҳисоб меравад. Дар ин замина ҷиҳати пешгирии ин омили номатлуб аз ҷониби роҳбарияти милитисияи пойтахт тадбирҳои дахлдор андешида шудаанд, ки тавассути онҳо сатҳи ҷинояткорӣ миёни ин қишри ояндасози ҷомеа низ ба маротиб коҳиш ёфтааст.
Зимни баргузории машварати фаврӣ зикр гардид, ки давоми се моҳи соли сипаригардида аз ҷониби ноболиғон 42 ҷиноят ба кайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 59,2 % кам ё худ 61 адад кам мебошад. Ин нишондиҳанда бевосита аз дуруст ба роҳ мондани амалиёти профилактикӣ ва суҳбату вохӯриҳои судманд ба даст омадааст.








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






