«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». Ин барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ 18 май баргузор мегардад

Апрель 27, 2019 09:33

ДУШАНБЕ, 27.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи  давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо  18 майи соли равон  барномаи  анъанавии «Шабе дар Осорхона»-ро таҳти унвони «Осорхонаҳо ҳамчун марказҳои фарҳангӣ: ояндаи анъанаҳо»  баргузор менамояд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионии ин Осорхона Фариддун  Кенҷаев хабар дод,  иқдоми баргузории  барномаи   фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона» бо мақсади  ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба  таъриху фарҳанги  мамлакат, боло бурдани  ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон  равона гардидааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи ин барнома  ҳамчунин баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ ба нақша гирифта шудаааст.

Бояд гуфт, ки барномаи  фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона» яке аз иқдомҳои байналмилали осорхонаҳои ҷаҳон буда, он бори аввал  дар Тоҷикистон  пас аз ба истифода додани Осорхонаи миллии Тоҷикистон соли 2013  доир  шуда  буд.

Ёдовар мешавем, ки  ҳамасола 18 май  Рӯзи байналмилали  осорхонаҳо  (International Museum Day) ҷашн гирифта мешавад ва аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.

Апрель 27, 2019 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад