Таэквондочиёни тоҷик дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон сазовори се медали тилло шуданд

Апрель 15, 2019 15:39

ДУШАНБЕ, 15.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони шинохтаи тоҷик дар 2-юмин  мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондои ҷаҳонӣ миёни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон соҳиби се медали тилло гардиданд.

Тавре  раиси Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев ба мухбири АМИТ «Ховар»  хабар дод,  мусобиқаи мазкур ба ифтихори ҷашни  Наврӯзи хуҷастапай аз 12 то 14 апрели соли равон бо иштироки варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон доир гардид.

Ба иттилои номбурда,  дар мусобиқаи мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон се варзишгар иштирок карда, соҳиби се медали тилло шуданд. Муниса Ойматова дар вазни -49 кг миёни духтарон, Абубакр Фатҳуллоев дар вазни -49 кг миёни писарон ва Алиҷон Фатҳуллоев дар вазни -26 кг миёни кӯдакон ғолиби мусобиқа гардиданд.

Бояд зикр кард, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи мазкур таҷрибаи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалиро гирифтанд ва зери роҳбарии мураббӣ Шамс Қодиров барои иштирок дар мусобиқаҳои рейтингӣ омодагӣ мебинанд.

Апрель 15, 2019 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад