Тандурустӣ: муассисаҳои ин сохтор дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо 75 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки давоми соли равон муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро бо зиёда аз 75 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ, аз ҷумла, муассисаҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо 7 адад чунин нақлиёт, ки аз ҷониби Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дастрас мегарданд, таъмин намояд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур хабар доданд, вазорат ҷиҳати пурзӯр намудани инфрасохтори соҳа корро идома дода, дар давоми се моҳи соли равон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва инвеститсионӣ ба зиёда аз 55 муассисаҳои тандурустию ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҷҳизоти муосир, аз ҷумла, маҷмӯъҳои ҷарроҳӣ, автоклавҳо, оксигенераторҳо, инфузоматҳо, дастгоҳҳои сабти барқии дил, ташхиси ултрасадо, лавозимоти луобкашанда, маводи истифодаи яккарата, яхдонҳо, нақлиёти санитарии махсусгардонидашуда (амбуланс), мошинаҳои сабукрави тамғаи «Нива», нақлиёти боркашони махсусгардонидашуда, катҳо, рахтҳои хоб ва ғайраро ба маблағи зиёда аз 90 миллион сомонӣ харидорӣ ва дастрас намуд.
Инчунин моҳи феврали соли равон 7 адад нақлиёти тамғаи «Нива ВАЗ-21214» ва 2 адад нақлиёти боркашони махсусгардонидашуда аз ҳисоби гранти Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия (ГАВИ) ба марказҳои иммунопрофилактикаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шуъбаи Хадамоти ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар ин вилоят дастрас гардиданд.








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






