Татбиқи лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» дар бархе аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 22.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтаркунии сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF0)-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон оғоз гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи мазкур соли равон оғоз гардида, бояд то соли 2025 татбиқ карда шавад.
Бино ба иттилои манбаъ, мақсадҳои асосии Лоиҳа аз беҳтаркунии хизматрасонии ҳамгироишуда дар самти ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон тавассути беҳтаркунии банақшагирӣ ва тақвияти захираҳои инсонӣ бо таҳияи стратегияи банақшагирӣ ва тақсимоти дурусти кадрҳо барои ноҳияҳои таҷрибавӣ, вориднамоии системаи самараноки интиқоли беморон байни муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонаҳо, такмили низоми беҳтаркунии муттасили сифат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ, маҳаллӣ ва таъсиси системаи назорати сарпарастӣ иборат мебошанд.
Инчунин вориднамоии маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои табобат ба беморхонаҳои ноҳияҳои ҳадафнок, мукаммалсозӣ ва беҳтаркунии инфрасохтор дар беморхонаҳо ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба туфайли сохтмон ва таъмири иншоот, таъминот бо таҷҳизот ва мебели тиббӣ, беҳтаркунии системаи идоракунии истифодаи таҷҳизот ва тақвияти иқтидори мутахассисон оид ба хизматрасонии техникии таҷҳизот дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа равона карда шудааст.
Тибқи нақша, давоми амалисозии лоиҳа ҳама самтҳои соҳаи тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ фаро гирифта шуда, шакли хизматрасонии тандурустии мукаммали намунавӣ барои истифода дар таҷриба ҳангоми ислоҳот дар дигар ноҳияҳо таъсис дода мешавад.
Бояд иброз кард, ки тамоми фаъолияти Лоиҳа дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои Бонки осиёии рушд амалӣ мегардад.








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






