Умри дубора. 100 нафар кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил ройгон ҷарроҳӣ шуданд

Апрель 23, 2019 13:56

ДУШАНБЕ, 23.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 100 нафар кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил, ки  зери хатар қарор доштанд, дар сатҳи баланд ҷарроҳӣ карда шуданд. Дар ин бора мудири шуъбаи таҳлил, иттилоот, робитаҳои байналмилалӣ ва рушди Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Эмомалӣ Мирзоев иттилоъ дод.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем,  барои гузаронидани ҷароҳиҳои дил миёни кӯдакон ва наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил 30 нафар мутахассисони варзидаи соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳои 6 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон омаданд.

Ҷарроҳиҳои мазкур  аз 13 то 21 апрел бо ташаббуси бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон», инчунин зери сарпарастии Муассисаи «Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум»-и Аморати Муттаҳидаи Араб  дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»   ба таври ройгон сурат гирифт.

Бино ба иттилои Э. Мирзоев, иқдоми мазкур бо мақсади дастгирӣ ва кумак ба нафарони камбизоат рӯи даст гирифта шуда, баҳри баргузор намудани солимгардонии кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил 30 нафар мутахассисони варзидаи соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳои Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ирландия, Баҳрайн ва Германия барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ҷалб шуда буданд.

Инчунин  зимни гузаронидани ҷарроҳиҳо миёни кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил мутахассисони варзидаи тоҷик иштирок карданд.

Бояд зикр намуд, ки тайи рӯзҳои гузаронидани ҷарроҳиҳо 100 нафар кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил, ки  зери хатар қарор доштанд, дар сатҳи баланд ҷарроҳӣ карда шуданд.

Баъди анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ  бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандон ва масъулини  идораву сохторҳои дахлдор ва бо ҳузури намояндагони 6 кишвари хориҷӣ ҷамъомад  доир гардид.

Дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мутахассисони  соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳо, Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон»  Муассисаи «Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум»-и Аморати Мутаҳидаи Араб вобаста ба ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баҳри ташкили чунин иқдоми хайрхоҳона ва дастгирӣ намудани оилаҳои камбизоат, ки кӯдакони гирифтори бемориҳои нуқсони дили модарзодӣ доранд, изҳори сипос намуданд.

Ҳамчунин намояндагони Муассисаи «Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум»-и Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.

Баъд аз ҷамъбасти ҷамъомад дар толори калони  Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»  ба кӯдаконе, ки амалиёти ҷарроҳиро аз сар гузарониданд, туҳфаҳои хотирмон супорида шуд.

Апрель 23, 2019 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд