«ВАҚТИ ОН АСТ, КИ МАНУ ТУ ВАТАНАМОНРО АЗ СИЛ ПОК СОЗЕМ!»- таҳти ин унвон дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ-иттилоотӣ баргузор гардид

Апрель 26, 2019 13:22

ДУШАНБЕ, 26.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ассотсиатсияи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» дар  мавзеи «Деҳа»-и Боғи Ирами шаҳри Душанбе  таҳти   унвони  «Вақти он аст, ки ману ту Ватанамонро аз сил пок созем!» — барномаи  фарҳангӣ-иттилоотӣ  баргузор гардид.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, чорабинии мазкур бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» равона гардида аст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои марбутаи он, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони байналхалқии муҳоҷират, Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, ташкилотҳои «Ҳилоли аҳмар дар Тоҷикистон», «Духтурон бидуни марз», лоиҳаи ҲОУП дар Тоҷикистон, Каритас Люксембург, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорони ватанӣ ва   сохторҳои дахлдор   иштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур,  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлудахон Мирзозода баромад намуда  иброз дошт, ки  «Мавзӯи бемории сил дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат  қарор дорад. Самараи талошу тадбирҳои давлат ва ҷомеаи шаҳрвандист, ки ҳоло сатҳи сирояти бемории сил дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфта, табобати он боз ҳам беҳтару дастрастар гардидааст. Бо дарназардошти ин ва дигар омилҳо метавон умед баст, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик аз бемории сил пок мешавад».

Ҳамзамон, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» Аслиддин Раҷабзода оид ба талошу тадбирҳои роҳбарияти давлат ҷиҳати хотимаи сил,   вазъи эпидемологии бемории сил дар ҷумҳурӣ, дастовардҳои зиддисилии соҳаи тандурустӣ ва дигар ҷанбаҳои марбути ин беморӣ ибрози  назар  намуда, ҳозиринро ба муборизаи якҷоя бар зидди бемории сил даъват намуд.

Апрель 26, 2019 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд