Виталий Левченко сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» интихоб гардид

Апрель 16, 2019 09:38

ДУШАНБЕ, 16.04.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Яке аз футболбозони шинохтаи Тоҷикистон дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ Виталий Левченко ба ҳайси сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд интихоб шуд ва дар арафаи бозии даври дуввуми Ҷоми КФО имрӯз ба футболбозони даста муаррифӣ мешавад.

Виталий Левченко чанде пештар дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро машқ дода, ба сармураббии дастаи миллӣ Ҳаким Фузайлов ба ҳайси мураббии тайёрии ҷисмонии дастаи мунтахаби Тоҷикистон  кумак расонидааст.

Имрӯз Виталий Левченко дар нишасти хабарии пеш аз бозии Ҷоми КФО бо дастаи “Дордой”-и Қирғизистон ширкат карда, дар аввалин машқи даста иштирок менамояд ва 17 апрел “Хуҷанд”-ро ба муқобили дастаи “Дордой”-и Қирғизистон ба майдон мебарорад.

Виталий Левченко соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушод ва ҷавониашро дар Тоҷикистон паси сар карда, ҳамчун бозингар дар дастаи «Хуҷанд» номвар шуд. Ӯ дар 19- солагиаш ба ҳайати дуввуми клуби машҳури «Динамо»-и Киев шомил гардид. Аз соли 1994 то 2000-ум шарафи дастаи ССКА-ро ҳимоя карда, баъдан ба дастаи «Таврия»-и Симферопол гузаштааст.
Левченко давоми панҷ сол дар 9 бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон  иштирок карда, шарафи Тоҷикистонро дар бозиҳои Осиёии соли 1998 ва бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-1998 ҳимоя кардааст.
Баъди анҷом додани мақоми бозингар ба ҳайси мураббӣ ва сармураббӣ дар дастаҳои «Княжа», «Арсенал»,«Десна»,«Еднист», дастаи мунтахаби ҷавонони Украина, Тоҷикистон, ёвари сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон  ва пеш аз ба дастаи “Хуҷанд” омаданаш дар КФ “Криля Советов” –и Россия фаъолият кардааст.

Апрель 16, 2019 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад